ТТЭ ҲНИ: Хиёнаткориҳои ватанфурӯшон идома дорад

Кишварҳои ҷаҳон айни замон дар ҳоли рушд қарор доранду барои пешрафт ва шукуфоии давлату ҳукмат ва миллати хеш кўшиш менамоянд, ки баҳри пойдориву сулҳ ва суботи ҷомеа саҳми сазовори худро гузошта бошанд. Хоинони миллат, палидони хунхӯри ТТЭ ҲНИ ба монанди Кабирӣ ва косалесони беинсофу беимони ӯ, ғайр аз бадҷӯиву бадгӯиҳо, ҷудоихоҳу ҷангҷӯй дигар коре надоранд. Хоинон тамоми қувваи худро барои таҳқир ва тӯҳмату буҳтон задан нисбати миллату давлати мо сарф менамоянд. Имрӯз халқу миллати мо ба дурӯғу буҳтонҳои ин сагони дайдубовар надоранд ва бовар карда наметавонанд.

Хоинони миллат, ки худро аъзои “паймони миллӣ” меҳисобанд, чунин ночору бечора гаштаанд, ки аз оғоз то анҷом дурӯғи маҳз мебошад. Сарварони паймони террористии ҲНИ на мурдагонро эҳтором мекунанду на шахсони дар ҳаёт бударо, ҳатто имрӯзҳо ба таҳқири пули миллӣ даст зада, рӯи он навиштаҷотҳои таҳқиркунандаро ҷой додаанд. Хоинони имону инсофи худро ба пулу моли муфт фидокарда, барои паст задани обрӯю эътибори давлату Ҳукумати мамлакат ҳиллаву найранг, тӯҳмату буҳтонҳои зиёд карданд.

Мо имрӯз дар ин сарзамин зиндагӣ дорем ва ҳамарӯза пули миллии сомониро истифода мебарем ва боре ҳам чунин навиштаҳои таҳқиркунандаро дар болои пул надидаем. Ин палидони нотавонбин навиштаҷот дар рӯи пулро махсусбофтаву сохтаанд ва ҳангома менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу ҳуқуқбунёд амнияту суботи давлату шаҳрвандонро таъмин менамояд, баҳри решакан намудани ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта муборизаи беамон мебарад. Мо ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ба суи мардуми кишвар ва давлату сарвари мо касе сухани бадро раво бинад.

Самадова Д. О. -
омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh