Экстремизм ва терроризм зуҳуроти номатлуб

Дар айни замон экстремизм ва терроризм хатари ҳақиқӣ нисбати амният ва осоиштагии дар Ҷумҳурии азизамон мебошад. Экстремизм хатари ниҳоят калон буда дилхоҳ ҷамъияти ором ва аз ҳама осударо низ ба нотинҷӣ оварда мерасонад.

Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ин пешгирӣ кардани онҳо мебошад. Пешгирӣ кардан ин нафақат вазифаи давлат аст балки ҳар як шаҳрванд бояд дар он фаъолона ширкат варзад. Ба ин пеш аз ҳама мактаб ва оила бояд саҳмгузор бошад, чунки ба ин равандҳо асосан ҷавононе, ки дар оилаҳои мӯҳтоҷ зиндагӣ мекунад ва ҷавононе, ки иродаи суст дошта фикри мустақили худро надоранд дода мешаванд.

Фаъолияти экстремистӣ – ин тарафдории оммавии ҳамаи шаклҳои терроризм, тафриқандозии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ мебошад. Аз он ҷумла ба он дохил мешаванд таҳқири ҳуқуқу озодиҳои шахсият вобаста аз миллият, баромади иҷтимоӣ, нажодӣва диниву забонии он мебошад.

Терроризм бошад яке аз шаклҳои ниҳоят хавфноки экстремизм буда дар замони ҳозира дар ҷаҳон бо суръати калон паҳн шуда истодааст ва ба он асосан ҷавонон дохил мешаванд. Пешгирии он вазифаи ҳар як ватандӯст аст то насли наврас фирефтаи тарғиботу ташвиқоти душманони миллат нагарданд.

Бинобарон ҳар як шахси ватандӯст ва соҳибдавлат бояд дар фикри он бошад, ки чӣ тавр насли наврасро дар рӯҳияи зидди тероризм ва экстремизм тарбия намояд ва кӯшиш намояд, ки онҳо фирефтаи гапҳои дурӯшт ва тафриқандози душманони Тоҷикистон ва мардуми он нагарданд. Ин вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандӯст мебошад. 

Шерматов Ш.М.
Мудири кафедраи кафедраи физикаи
назариявӣ ва МТФ
- и ДДХ 

Add comment


Security code
Refresh