ВАЪДАҲОИ ДУРУҒИНИ ДАСИСАКОРОН

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ҷоннисорӣ намудаанд ва дар вуҷуди халқамон ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ ҳамеша дар ҷӯш аст.

Лекин афсӯс, ки имрӯзҳо бадхоҳони миллатамон берун аз кишвар бо дастгирии хоҷагони худ ба гурӯҳҳои ифротгарон дохил шуда, кишвари ободу зебо, рушдёфтаистодаро мехоҳанд боз ба доми оташ кашанд, бо баҳонаҳои беасос ҷавононро фирефтаи худ намуда ба сафи худ ҷалб менамоянд.

Насли калонсол хуб медонанд, ки солҳои 90-ум душманони миллат, гурӯҳҳои нохалаф бо кӯмаки аҷнабиёни хориҷии худ кишварамонро ба доми оташ кашида чи қадар нобасомониҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ кишвари ободамон хароб гашта, ҳазорҳо одамони бегуноҳ фавтиданд ва роҳи гурезро пеш гирифтанд.

Имрӯз дар ҷаҳонишавии муосир кишвари биҳиштиамонро тамоми кишварҳои дунё мешиносанд ва робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ доранд. Бори дигар такроран мегӯям имрӯз мо бояд бо ҷавонон бисёртар мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо аз таърихи кишварамон қаҳрамонҳои халқамон бохабар ва шинос намоем, то ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Чунки онҳо ҷавонанд, зудбоваранд ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба душвориҳо дучор шудан ва ба шабакаҳои интернетӣ дохил шуда, зуд фирефтаи аҷнабиён гашта сафари кишварҳои Шарқи наздикро пеша менамоянд.

Ҳатто бо оила ва фарзандони худ азми сафар намуда, гӯё “Ҳаёти ширинро” интихоб намудаанд. Лекин дар натиҷа ба ҷанг дохил шуда, кушта шудаанд ё ярадор шуда, фарзанду оилаашонро бе сарпаноҳ монда, сарсону саргардон ва пушаймонанд. Оқибат зиндонӣ гашта, дар кишварҳои хориҷа азобу уқубат мекашанд ва ҳатто волидайни онҳо аз ин ҳодисаҳо бехабаранд. Солҳо бедарак гашта, гӯё дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.

Афсӯс пушаймонӣ суд надорад ва аз кирдорҳои худ ва роҳи интихобкардаашон афсӯс мехӯранд. Имрӯзҳо ба воситаи ахбори омма маҷаллаву газетаҳо, радиову телевизион бо гуироҳшудагон вохӯрӣ гузаронида, ҷавононро огоҳ намоем, ки роҳи интихобкардаи онҳоро дубора интихоб накунанд. Имрӯз барои илмомӯзиву ҳунармандӣ дар тамоми манотиқи кишварамон шароит муҳайё намудаанд, кӯдакистону мактабҳои замонавӣ, коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳо баҳри илмомӯзии ҷавонон дарҳои худро боз намудаанд. Маҳфилҳои фарҳангиву майдонҳои варзишӣ ҳамарӯза ба хизмати ҷавонон мебошад. Имрӯз мо бояд шукронаи чунин ватани тинҷу ором, зебову биҳиштосоямон карда барои ободии он саҳмгузор бошем.

Азимов А.Ҷ. –  н.и.б., дотсенти кафедраи
 маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh