Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан

7 май дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2019 Баҳром Иноятзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан озод гардида, Қурбонзода Амирхон Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан таъин карда шуд.

Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки Қурбонзода Амирхон Файзулло 3 августи соли 1964 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, солҳои охир ба ҳайси сардори идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз апрели соли 2018 то имрӯз дар вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

Раиси вилоят ба Баҳром Иноятзода барои фаъолияти самаранокаш изҳори сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба Қурбонзода Амирхон Файзулло комёбиҳо таманно кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh