ПАДИДАИ ҶУДОИНАДОЗ ДАР ҶОМЕА

Ин зуҳурот тӯли қарнҳо обутоб ёфта, ба яхпораи сахту беҳис, сарду берӯҳ, кушанда, душманзо ва ҷудоиандоз табдил гаштааст. Тақдири одамон акнун дар осиёби танги он садпора мегардад, зеро маҳалгароӣ худ душмани озодӣ ва пешравии миллату давлатаст. Маҳалгароӣ оянда надорад, вале авҷ мегирад. Хосияташ мисли бемории саратон аст. Яъне хӯрдан ва маҳви ҳуҷайраҳо. Ин беморист, ки ба оҳистагӣ ними бадани миллатро фалаҷ мекунад.

Ҳатто ҷавононе, ки дар берун аз кишвар ба воя расида, дар онҷо таълим гирифтаанду маҳалгароиро пасмондаи таърих медонанд, чун вориди кишвар мегарданд, аз ҳавои олуда ба маҳалгароӣ нафаскашида, худ низ маҳалгаро мешаванд. Агар фарди маҳалгаро мансабдор бошад, тамоми меъёри муайянкунандаи манфиатҳояш дар асоси маҳал сурат гирифта, маҳз ба он такя мекунад. Гумон мекунем, маҳалгароӣ мисли донаи гандум аст. Танҳо осиёб қодир аст, ки донаҳои гандумро пора созад, дар ҳам занад ва он ҷавҳар, яъне ордро берун бикашад, омезиш бидиҳад ва якранг созад.

Тавассути гирд овардани донишмандони воқеии ин диёр ва сарсупурдаҳои миллат метавон чунин осиёби фарҳангиро созмон дод. Зеро танҳо ин гурӯҳ қодиранд, ки маҳалгароиро пора-пора карда, нест созанд ва аз маҳвшавии миллати як марому якранги тоҷик ҷилавгирӣ кунанд. Миллате, ки мояи фахраш на сухани лаҳҷавӣ, балки адабии пур аз фарҳанг, шеъру адаб ва орӣ аз ғайбату таҳқиру дашном будааст.

Акбари Турсон, устоди Донишгоҳи Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи маҳалгароӣ чунин гуфта буд. “Маҳалгароӣ аз ҷумлаи падидаҳои ҳамагонӣ ва ба ин маънӣ ҷаҳонӣ буда, аз худи тамаддуни инсонӣ ҳамсол хӯрдатар аст. Пас, ин майлро унсури менталитети як худи қавми тоҷик ва ё фақат хоси мардуми баъзе ҷойҳои Тоҷикистон донистан нашояд. Маҳалгароӣ ба зоти хеш як падидаи мураккаб буда, решаҳои рӯҳонию равонӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҷуғрофию зистмуҳитӣ ва ҳатто фалсафӣ (дар сохтори мантиқи тафаккур имтиёз пайдо кардани маъқулаи макон) дорад ва вобаста ба нуфузи омилҳои иқтисодӣё сиёсӣ ва ё ҳар ду ба шаклу андозаи гуногун ба зуҳур меояд”.

Бояд таъкид кард, ки дар ҳеҷ ҳамон ва макон маҳалгароӣ ба ҷомеа фоида наворада, балки зарару зиён мерасонад. Якпорчагӣ ва тамомияти арзии давлату миллатро вайрон карда, омилии асосии фаношавӣ ҷомеа ва нобудшавии миллат мегардад. Мо аҳли зиё бар зидди маҳалгароӣ баромад намуда, кушиш ба харҷ диҳем, ки падидаи мазкур несту нобуд шавад.

Негматова Д.С. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забонҳои хориҷӣ ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh