ҒАРАЗҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ТТЭ ҲНИ

Чӣ тавре, ки дар моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат қайд гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Барои ҳар як шахси соҳибмаълумот ва маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст.

Ин буд, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз ғояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон бехабаранд ва чӣ будани давлату давлатдорӣ, сиёсату сиёсатмадорӣ, зиёда аз ин ғайриҳуқуқӣ таъсис додани ҳизби динӣ гаштанд. Дар арсаи сиёсат оқибатҳои бесаводии, беилмии шахсони номбурда ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт, ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизб гаштанд, модар аз духтар ва писар аз падар ҷудо.

Ҳоло он ки дар дини мубини ислом на танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда, чунин мегӯём, ки ин шахсон аз дину диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурӯғ ба номи Худованду ислом мезананд.

Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои Шарқи наздик оқибатҳои чунин амалҳо ба терроризм ва экстремизм оварда расонида истодааст.

Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шӯру ошубаҳо, хусусан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ, ки аз асли рукнҳои дину диёнат дур ҳастанд, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад. Мо омуӯзгорону устодон бояд ҳарчӣ бештар наврасону ҷавононро аз роҳи бади аҳримансифатон гирем ва онҳоро ба роҳи рости илмомӯзӣ ҳидоят намоем.

Самадов Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh