ДИДОРИ ИҒВОГАРОНАИ ХОИНОН

Нисбати вохӯрии ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо намояндагони қисме аз кишварҳои Аврупо дар САҲА, ки моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардидааст қайд кардан бамаврид аст, ки масоили дар ин ҳамоиш баррасигардида берун аз талаботи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ба шумор меравад. Зеро Паймони миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад, ки ба масоили дохили кишварамон дахолат намояд, инчунин ҳеҷ гуна салоҳият ба онҳо дода нашудааст.

Аз хабари иттилоотии Паймони миллии Тоҷикистон бармеояд, ки гуё масоили вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он сӯҳбати ошкоро дошта бошанд. Бояд андеша намуд, ки Паймони миллии Тоҷикистон вазъи имрӯзи кишвари азизамонро тавре дидан мехоҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътадил буда, сулҳу суботи ҷомеа ва тинҷиву оромӣ ҳукумфармо мебошад. Бинобарон вазъи имрӯзаи кишвар ба ҳеҷ гуна баррасиву таҳлили бегонагон ниёз надорад. Бояд гуфт, ки ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон кадом идораи давлатӣ ва иқтисодии саркубкунанда ва қавмгароиро дар назар доранд.

Нисбати эътирозҳо ва ташаннуҷи иҷтимоӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ин танҳо хоси ашхосе мебошад, ки бо кирдорҳои нохалафонаи худ кишвари азизамонро худсарона тарк намудааст ва нангу номуси ба кишвар баргаштанро надорад.

Ба андешаи банда ашхоси эътирозгару аз имрӯзу фардои Тоҷикистон норозӣ онҳое ҳастанд, ки имрӯз дар хориҷи кишвар бӯҳтонҳои бардуруғро паҳн менамоянд ва тақдири миллати тоҷикро нодида мегиранд.

Ифротишавии ҷавонон асосан дар беруни кишвар сурат гирифта истодааст, зеро онҳо ба доми фиреби ифротиёни дар хориҷи кишвар афдода худро тӯшаи онҳо карда истодаанд. Ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон иброз доштааст, ки дар интихоботи оянда дар ҳолати имкон пайдо намудан иштирок хоҳанд намуд. Ба андешаи ман ин ғайриимкон аст ва ҳарчанд дар вақтҳои охир бо номи Паймони миллии Тоҷикистон баромад менамоянд.  Дар зери ниқоби Паймони миллӣ киҳо ҳастанду чи гуна нияту мақсадҳо дошта бошанд.

Гарчанде намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон иброз намудаанд, ки аз худкомӣ ба давлати демократии ҳуқуқбунёд гузарем, вале онҳо бехабаранд, ки мо дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истодаем ва ҳама дар асоси меъёрҳои Конститутсия амал менамоянд. 

Мирзоев А.Н. – сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh