ГУМРОҲСОЗИИ ҶАВОНОН

ТТЭ ҲНИ ҳизбе мебошад, ки дар саҳнаи сиёсат бо роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ пайдо гардида, дини мубини Исломро ҳамчун маҳаки асосӣ барои таъсир расонидан ба шуури ҷомеа истифода менамояд. Ҳизби номбаршуда, солҳои 90-уми асри гузашта, иштирокчии фаъоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол кам нестанд он воқеаҳое, ки тарафдорони ин ҳизб амалҳои зиддиинсонӣ  ва зиддидавлатӣ намудаанд.

Дар замони муосир, ки техникаву технология ба дараҷаи олӣ тараққӣ намудааст, ҳар гурӯҳе онро ба манфиати худ истифода мебарад. Албатта ин пешравиҳо паҳлӯи ҳам манфӣ ва мусбии худро доро мебошанд. Шабакаи ҷаҳонии Интернет аз мисоли онҳост. Шабакаҳои умумиҷаҳонӣ имкониятҳои васеъро баҳри мубодилаи афкор, тадқиқотҳои илмӣ, рушди муносибатҳои байналмилалаӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт фароҳам меорад. Бо баробари ин як зумра гурӯҳҳои террористиву ифротгаро онро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Бо суханони беасос ва иғвоангез ба шуури ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба шомил шудан ба гурӯҳи хеш водор месозанд. ТТЭ ҲНИ  ва пешистодагони онҳо аз зумраи чунин гурӯҳҳо ба ҳисоб мераванд, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд.

Ҷавонони мо имрӯз бояд бо донишҳои диниву дунявӣ мусаллаҳ бошанд. Номбардор ва парчамбардори халқу миллати куҳанбунёди тоҷик бошанд. Ба суханони беасоси гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва хоинони миллат бовар накунанд. Тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Ҳошимова Н. – ассистенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh