Босмачиён ва ҲНИ ҳаммаслаконанд

Босмачиён дар таърихи мардуми Осиёи Миёна дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ корҳое ба амал оварданд, ки онро ҳеҷ гоҳ дар таърихи халқи тоҷик сафед кардан мумкин нест. Босмачиён бо ёрии спонсорҳои хориҷии худ аввалинҳо шуда бар зидди ҳокимияти шӯравӣ мубориза бурда, дар солҳои 1918-1930 бо одамкушӣ машғул будаанд. Аксари босмачиён дастаи ғоратгарони худро ташкил карда, бо раҳзанӣ, дуздӣ машғул буданд. Фаъолияти босмачиён аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти наҳзатиён, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мондок буда, босмачиён тоҷирони кӯҳнишинро ғорат мекарданд, духтарону чорвои мардумро ба яғмо мебурданд.

Босмачиён корҳое ба анҷом расониданд, ки ҳамааш дар зери пардаи дини мубини ислом буда, ба ҳаромкорию вайрокорӣ машғул будаанд. Имрӯз гурӯҳҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз норавшании Осиёи Миёна дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ кор гирифта, босмачиёнро муборизони нокоми озодии миллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин мақсад сиёҳкориҳояшонро дар назди хоҷаҳои хориҷиёнашон давоми озодихоҳӣ нишон диҳанд.

Роҳбарони наҳзатиён сабаби заволи босмачиёнро маҳрум буданашон аз дастгири мардум ҳисобида, мардуми созандаю бунёдкори халқи тоҷикро аз ин фаъолияти пуршараф даст кашидан даъват менамоянд. Дар миёни дастаҳои босмачиён бо роҳбарони худ Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Кӯршермат, Мадаминбек ва ғайраҳо бо раҳзанию ғоратгарӣ машғул буданд.

Босмачиён худашонро муҷоҳид номида, ҳама фаъолияташонро ба дини мубини ислом мепайвастанд ва бо ин унвонгузорӣ, ҳамонанди террористони замони муосир давлати исломӣ, наҳзати ислом, ҷиҳати исломӣ хешро ҳомӣ ва густаришдиҳандаи дини ислом намоён мекарданд. Дар фаъолият ва ҳаракати онҳои ғояи миллӣ ҷой дошта наметавонист, зеро миллат вуҷуд надошт ва бо номи миллати ислом раванди омӯхташавии чандсадсолаи тоҷиконро суръат мебахшиданд. Дар ҳаракати босмачиён хоҷаҳои хориҷӣ генералҳои Туркия- Анварпошшо, Салимпошшо ва дигарон ёрӣ амалӣ мерасониданд, ки имрӯз ба ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар мисоли баъзе ташкилотҳои байналмилалию Эрон пуштибонӣ намуда, вазъияти Тоҷикистонро ноором кардани ҳастанд, аммо онҳо ҳато карда истодааст. Босмачиён дар кати сиёҳи худ аз хизмати имомхатиб ва муллоёни ифротгаро ба таври густурда кор мегирифтанд. Босмачиёни оянда аъзои Шӯрои исломия буданд, ки рӯзона ба бозорҳо даромада, моли мулки мардумро тороҷ мекарданд ва шаб ба хонаи раъият даромада, даст ба таҷовуз мебурданд. Босмачиён дар саросари Осиёи Миёна натанҳо одамони бо ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ ҳамкорӣ доштаро таъқиб мекарданд, балки мактабҳои сохти нав ва занони фаранҷӣ аз сар гирифтаро ба қатл мерасониданд, ба тороҷкорию таҷовуз машғул буданд.

Роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ барои дар пинҳонӣ нигоҳ доштани чеҳраҳои ҳақиқиашон ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост, дар навбати нахуст номҳоеро тамғаи худ месозанд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, демократия, дин ва дигар арзишҳои инсонсозии одамон дошта бошад. Наҳзатиён бо ин корҳо хешро давомдиҳандагони ҳаракати озодихоҳони босмачиёин унвонгузорӣ карданд.

Аммо, шахси боақл таклифҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Хоҷаҳои хориҷиён онҳоро дар бағали худ гирифта ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, дар амал нодуруст аст. Сарварони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз шабакаҳои фейсбук, интернет ва ғайра истифода бурда, дар намуди ҳаракати босмачиён бар зидди ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мубориза мебуранд ва дубора ба шеваи кӯҳнаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бозгардонӣ мехоҳанд. Аммо халқи тоҷик ҳушёриро аз даст надодааст ва бо фаъолияти созандагию ташаббускорӣ машғул буда, ба ташвиқоти «босмачиёни замони муосир» - ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд, дигар ба бетартибию вайронкориҳои босмачиёни ҲНИ роҳ намедиҳанд.

Сафар Эркаев, дотсенти ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh