ИҒВОАНГЕЗИЮ ЧОПЛУСӢ БАС АСТ!

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари маҳбубамон мардуми ҷангзадаи тоҷик, ки ҳама азоби гуруснагию қатлу ғоратро паси сар карданд, аз ҳавои сулҳу осоиштагӣ бардам-бардам нафас мекашанд.

Мутаассифона, чӣ қадар ҳаёти мо рӯ ба беҳбудӣ оварад, ба ҳамон андоза чашми ҳасудон, нотавонбинон калонтар боз гардида, вуҷудашонро дуди сиёҳ фаро мегирад. Сарварони ТТЭ ҲНИ  ва Паймони миллӣ аз зумраи чунин бадкешонанд, ки ҳамарӯза бо иғвогариашон ба мардум муроҷиат мекунанд.

Одатан, дар моҳи шарифи Рамазон ҳама мардуми озодандеш танҳо ниятҳои хайр мекунанд, барои гуноҳҳояшон омӯрзиш металабанд, ба ҳамдигар бахту саодати ҳаёти оянда металабанд. Кабирии хиёнаткор дар ин моҳ “табрикот” арза доштааст, вале дар ҳама фикр зермаъно ғалат аст. Ин иғвогари малъун боз ҳамон суханбозию, фитнаангезӣ дорад. Наход дар моҳи муборак ҳам барои авом нотинҷӣ хоҳӣ! Куҷост дину риояи аҳкоми шариату куҷост имон! Ҳақ ба ҷониби шоир, ки гуфтааст:

Неши каҷдум на аз пайи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Кабирии лаънаткардаи халқ зочаеро мемонад, ки дар дасти дигарон, бо умеди неъмат, ҳай рақсу бозингарӣ дорад ва илоҷи рад кардани фармони “хоҷагонаш”-ро надорад. Мо, ҳайати омӯзгорон ин гуна амали хиёнаткорони давлату миллатро маҳкум менамоем. Намегузорем, ки ягон ҳарфи ин “бозингари сиёсӣ” бе посух монад, зеро ҳамагон медонанд кист ӯву дар тинаташ ба чӣ андоза мурдоб ҳаст.

Эй малъун, бидон ки моро фирефта наметавонӣ! Он рӯз дур нест, ки овозат хаставу тамоман ношунаво гардаду рангу рӯят шабеҳи фавтидагон!

Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh