Шинохти арзишҳои динӣ ва миллӣ маърифати баландро тақозо менамояд

Шинохт ва қадр намудани арзишҳои башарӣ ва ҷузъан динӣ ва миллӣ аз қавму миллатҳо ва ҳам аз шахсияҳои алоҳида ақлу фаросат ва мутобиқан дониши кофӣ тақозо менамояд. Гап бар сари он аст, ки ба моҳият ва қимати гавҳар сарфаҳм нарафта, арзиш ва ҷойгоҳи онро дарк кардан ғайриимкон хоҳад буд. Ҳамоно таъкид карданашро воҷиб мешуморам, ки рисолати муқаддаси тарбияти маърифати волои миллат, хосатан таъмини камолоти маънавии ҷавонон, ба зиммаи мо- аҳли заҳмати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳам вогузор шудааст.

Олими варзида, сархатиби масоҷиди вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар як мақолаи хеш бо номи  “Дин ва арзишҳои миллӣ” зикр доштаанд, ки одамонро умумиятҳои бузурге, амсоли миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид ва агар зарур ояд, ба ҷониби ҳадафҳои мушаххас сафарбар карда метавонанд. Сад дар сад ба ин андеша мувофиқ ҳастам ва сари вақт илова кардан мехоҳам, ки ин вазифаи хайру муҳимро бо шиоргӯиҳо не, балки бо амали мушаххасу созанда ва ҷаҳду ҷадали бошууронаи ҳар узви ҷомеа ба сомон расонидан мумкин асту бас.

Фазои тарбият ва тадрисро дар ягон ҷой лаҳзае холӣ мондан дуруст нахоҳад буд, зеро, душманони миллати кӯҳан ва  давлати ҷавони мо ҳамеша дар камингоҳҳои пурдасисаи хештан дар вазъи омодабошӣ қарор гирифтаанд. Фаромӯш карданамон лозим нест, ки паҳнкунандагони ғояҳои террористию ифротгароӣ, дар навбати аввал назари тамаъҷӯёнаи худро маҳз ба ин қишри нисбатан сироятпазири ҷомеа равона мекунанд. Дар ёд доштан лозим аст, ки душманони маккор ба таҳкурсии давлатдорӣ, дину мазҳабдорӣ ва албатта, ба пояи ватандории миллатҳо тавассути ҳамин зумраи беназорат ва аз ҷомеа дурмонда, ба гурӯҳҳои террористию ифротӣ бо пулҳои бедардимиён ва маводи мухаддир фаро гирифтани эшон зарбаҳои ҷонкоҳу ҳалокатбор мезананд.

Бешубҳа, терроризм ва ифротгароӣ ватану миллат надорад. Ба пайдоишу ташаккул ва ҳарчӣ бештар паҳн шудани ин вабои пурдаҳшати аср заифии ҳуввияти миллӣ, дар пояи шоиста қарор надоштани эҳсоси ватанпарастии аҳли мамлакат, бахусус насли ҷавону ояндасоз, беғамию бетарафии ашхосу созмонҳои масъул сабаб мегарданд. Ба авҷ гирифтани терроризм ва ифротгароӣ айбдор донистани дину мазҳабҳои алоҳида асосе нахоҳад дошт. Нуктае мусаллам аст, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ҳар куҷое ба мисоли заҳрпечак неш зада, фавран реша меронанд, ки сатҳи маърифати мардуми минтақа паст бошад ва ё ба ҳавои бепарвоӣ ва бедардӣ гирифтор шуда бошанд.

Воқеаи хунини масҷиди яке аз оромтарини шаҳрҳои  Зеландияи Нав далолат ба он намуд, ки даҳшатафкании пайравони дини насронӣ бамаротиб аз кушторҳои ба ном “мусалмонон” пурқувваттар ва бераҳмонатар аст. Яъне, тибқи  нуқтаи назари рақибон ва душманони идеологиамон андешаронӣ намоем, гӯё динҳои насронию яҳудӣ пуштибон, парастор ва раҳнамои ифротиён ва террористон будаанд. Аммо, ҳақиқати ҳол комилан дигаргуна мебошад: мутаассифона, дар ҷанги идеологӣ аз дину оин ва аз мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо не, балки аз мавқеъ, аниқтар гӯем, аз бемавқеӣ ва бетарафии одамон, ки ағлабашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, устокорона ва аксаран бо нерӯи пул истифода мебаранд. Рӯзгорони мо мисолҳоеро ҳам медонанд, ки теъдоди аниқи террористон аз номи дини Ислом ва ҳам динҳои дигар амалҳои хунин ба ҷо овардаанду меоранд.

Агар мо андешаи  миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, муътақид ҳастам, ки саодати миллати азизамон бардавом, кишвари ҷоноҷонамон обод ва мардуми тамаддунофарамон сарбаланд хоҳанд шуд.        

Шарифзода Муъмин Машокир,
ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Add comment


Security code
Refresh