Аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин бояд буд

Дар  ҷаҳони пуртазоду ҳассос имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ  талош меварзад. Дар ин замина Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.   

Имрӯз гурӯҳҳои ифротие фаъолият мебаранд, ки мехоҳанд бо зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ба мафкураи мардум, бахусус ҷавонон ақидаҳои носолимро ҷо кунанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳро идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касоне, ки ба нафъи мардум, хусусан сокинони маҳаллу ноҳияи худ кори нек анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Мутаассифона, роҳбарияти ҲНИ, бавиҷа М.Кабирӣ дар нодида гирифтани пешравиҳо дар кишварамон кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад. Онҳо таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маориф тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмонро нодида мегиранд.

Аъзои ҲНИ  хуб медонанд, ки фирефтани як қисми мардум осонтар аст. Зеро як қисми алоҳидаи мардум на ба амал, балки ба сухани болохонадору фиребандаи роҳбарони ҲНИ зудтар бовар мекунанд. Вале, хушбахтона, мардуми огоҳе ҳастанд,  ки хуб медонанд дини мубини Ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасадро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро  дар амал татбиқ менамоянд, дар миёни ҷомеа иззату обрӯ пайдо мекунанд.

Хоинони миллат бошанд, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ ғояҳои дини мубини Исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардум бахусус, ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд.

Имрӯз аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи чаҳолату торикӣ аст,

Ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳон аст ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад.

Мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ, фурӯши ғайриқонунии одамон ва масъалаҳои дигар дохил мешаванд. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин хатарҳо кӯшишҳо менамояд, вале пурра аз байн бурдани онҳо ғайриимкон аст.

Бинобар ин,  сокинони кишварро  зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар пешбурди ҷомеаи навини тоҷик гузоранд.

М.ШАРИПОВА,
дотсенти факултети забонҳои шарқ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh