БАС АСТ ИҒВОГАРӢ!

Дар урфият мегӯянд, ки агар некӣ кардан натвонӣ, ақаллан бадӣ накун. Афсӯс, ки имрӯзҳо шахсоне вомехӯранд, баръакс, байни мардум иғво андохта, мехоҳанд, ки тинҷию оромии халқро халалдор кунанд. Эй шахсони дурӯғгӯй, пеш аз он, ки суханони иғвоангезро гӯед, андеша кунед.  Беҳ мешуд, ки нафъе ба мардум расонед. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин биҳиштосо зиндагӣ дорем ва баҳри шукуфоии он фаъолият мекунем. Шукр мекунем, ки ба тинҷиву осоиштагӣ ва серию пурӣ расидем. Суханоне, ки шумо мезанед, бо чашми худатон надидаед ё шоҳид набудед. Пеш аз он ки бӯҳтону сангандозӣ мекунед, боре рӯзҳои гузаштаро ба ёд оред! Он рӯзҳои бадбахтии солҳои навадумро бо имрӯз қиёс намоед!

Мумкин мардуми давлатҳои дигар нисбат ба давлати тоҷикон кинаву адоват дошта суханҳои дурӯғро бофта  мебароянд. Вале барои ҳар зодаи ин сарзамин Тоҷикистон охир Ватан аст!

ҳоло мо шукри онро кунем, ки дар мамлакати мо сулҳ пойдор аст.

Дар ҷумҳурии мо ҷавонони бошуур, босавод тарбия ёфта истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил карда, ҳамчун мутахассиси пуртаҷриба фаъолият мебаранд.

Иғвогарону дасисабозон! Дурӯғу бӯҳтонро ба рӯи қоғаз оварда, халқи тоҷикро ба иғво  наандозед! Шарм доред!

Зарур аст, ки ҳар фарди Ватани азизамон, алалхусус ҷавонони имрӯз бо ваҳдати комил, дӯстиву бародарӣ, якдиливу якмаромӣ баҳри ободии Тоҷикистон хизмат намоем ва ба қадри хушбахтии миллат бирасем.

Устодони кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик 
Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh