Ниятҳои нопоки ТТЭ ҲНИ амалӣ нахоҳанд шуд!

Душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхтаанд, то ҳол бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осудаи  мо суханҳои баду фитнаанезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд.

Мо ҷавонони кишвар ба ин нафарон гуфтанӣ ҳастем, ки поёни роҳе, ки шумо интихоб кардед, зулмот аст. Шумоён баронкӣ ва манфиати кӣ кор карда истодаед?. Шахсоне, ки маблағгузорӣ мекунанд, чун лӯхтак шумоёнро бар зидди давлати худ, зидди Ватане, ки дар канораш парварид, ангехта истодаанд. Шумоён бар зидди кӣ силоҳ бардоштанӣ ҳастед? Бар зидди падару модар, Ватани худ?! Ба хотир доред, ки падару модар сабабанд, ки мову шумо ба дунё омадаем ва онон бо заҳмат оро ба воя расонанд. Шаҳрвандони кишвар аз рӯзгори тинҷу осоиштаи имрӯза дар фазои ваҳдату истиқлолият шукр карда, дар якҷояги бар зидди ин гуруҳҳои иғвоангези ҷомеа мубориза хоҳанд бурд, то ки ин хоинони Ватан сулҳу суботи кишварро ноором накунанд.

Аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба нотинҷиву нооромӣ накашанд. Мо - ҷавонони кишвар муттаҳид шуда, намегузорем, хоинони давлату миллат ниятҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Самандар РӮЗИЕВ,
устоди Донишгоҳи  давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh