Мафкураи заҳролуди ватанфурӯшони хоин

Ҳарзагӯиҳои хоинонаи аъзои ба ном Паймони миллӣ, ки дар кишварҳои бегона маскун гирифта, сӯи Ватани аҷдодӣ сангпартоӣ мекунанд, шунидаю хонда, кас ангушти ҳайрат мегазад.

Хусусан, мусоҳибаи “Тасним” бо Алим Шерзамонов ҳар фарди соҳибвиҷдони ватандӯстро наметавонад дар канор гузорад. Фикру андешаҳои нохалафонаи онҳо аз дилсиёҳӣ ва хиёнат ба Ватани аслӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳайрон мешавед, ки нафаре, ки бо оби поку нони ҳалоли волидайн дар оғӯши табиати зебои Тоҷикистон ба камол расидааст, чӣ тавр забонаш меравад чунин суханонро баён созад?. Нафари солиму содиқ наметавонад ба ҷониби замини аҷдодӣ санги маломат равона созад ва ин барои ӯ бадтарин ҷазоест дар ин олами ҳастӣ.

Баёни фикрҳои носолим гувоҳ аз он аст, ки мафкураи ин нафарони нобакор аллакай аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ заҳролуд шудаасту ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ онҳоро тарк гуфтааст. Ин нохалафон дар макони бегона зери тазйиқи хоҷагони хориҷӣ ба онҳо имону виҷдони худро фурӯхтаанд ва ҳиссиёти олии инсонӣ, ба монанди хештаншиносию худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ба аҷдод ва ғайра аз мафкураи онон кайҳо берун рафтааст.

М.СОБИРОВ,
дотсенти ДДХ

Add comment


Security code
Refresh