ҒУЛОМИ НАФС

Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо”-ро гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ТТЭ ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст. Зеро наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд.

Кабирӣ дар баромади онлайнии худ дар бораи сиёсати ихтилофандозӣ сухан кард. Гӯё, ки дар расонаҳои давлатӣ иттиҳомотеро алайҳи рӯҳоният, наворҳои фаҳшу таҳриккунанда ва нафратбарангез ба паҳн кардан шурӯъ карда бошанд. Аз як тараф пеши роҳи зиёиёни кишварро гирифт, то бо қишри рӯҳоният ва мазҳабии ҷомеа дар иртибот набошад. Аз тарафи дигар фазои кинаву нафратро ба вуҷуд овард. Натиҷа ин шуд, ки як зумра ҷавонони миллат рӯ оварданд ба гуруҳҳои ҷангҷӯ. Чун барои онҳо фазои боз намонда буд. Ин гапи нав нест. Зеро Кабирӣ баъди гуреза гардиданаш фақат ва фақат чунин гапҳои муғризона мезанад.

Раҳбари Паймони миллӣ ҳамчунин пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳҳои тундравро маҳсули ҳамин фаъолияти иғвоангезона ва фишорҳои давлат хонд. Лек ин гапи дурғи маҳз аст. Маҳз бо ибтикорот ва роҳбаладии ТТЭ ҲНИ буд, ки ҷавонони моро барои таҳсил ба мамлакатҳои хориҷа ва махсусан арабӣ фиристоданд. Он ҷавононеи ноогоҳ аз надонистани таърифу фарҳанги пурраи мазҳаби мо ба дигар мазҳаб гаравида, бар муқобили давлату миллат ва ҳатто падару модари худ сухан карданд. Ин ҷо гуноҳи ифротишавии ҷомеаро ба сари мақомот равон карданӣ Кабирӣ аблаҳист.

Мо сокинони ҷомеаи Тоҷикистон набояд фирефтаи суханони шахсоне гардем, ки барои ободиву осоиштагии Ватани азизамон саҳм нагузоштаанду танҳо ғуломи нафсу хоҷагони хориҷиашон гаштаанд.

Имрӯз ҷомеаи тоҷик, чӣ онҳое, ки ҳаёти дунявӣ пеш мебаранд ва чӣ онҳое, ки арзишҳои исломӣ маҳаки зиндагияшон аст, бо нигоҳе ба рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом ва ёдоварии ҳаводиси солҳои аввали истиқлоли кишвари худ, ба ин хулоса расидаанд, ки дин ва ақидаи мазҳабӣ наметавонад дар кишвар ҳоким бошад. Давлат бояд истисноан дунявӣ бошад, зеро дигар шаклаш номумкин, ношуданӣ ва нокоромад аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ТТЭ ҲНИ-ро наметавон ҳатто як ҳизби ҳомии арзишҳои динӣ номид. Ин як гурӯҳи тундрав ва террористӣ буда, дар дохили кишвар ҳеҷ нерӯи солиме қабулаш надорад. Номи исломро ба худ гузоштанаш ҳам имтиёзе барояш намеорад. Имрӯз дунё пур аст аз ҷараёну ҳизбҳое, ки бо номи ислом қад кашидаанд, аммо на танҳо исломӣ нестанд, балки мавҷудияташон ҳамагӣ бар зарари мусулмонҳост. Ва инро мардуми мо огоҳона дарк мекунанд.

Валиева Д.М. – ассистенти кафедраи

аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh