ҚАҲРАМОНСОЗӢ ЧИ ЛОЗИМ?

Мисли дигар мақолаҳои ихтилофангез маводи кунунии Муҳаммадиқболи Садриддин саросар аз таърифу тавсифи шахсияти Кабирӣ буд. Гуё ки Кабириро ба унвони шоҳи охиратзамон баробар карда бошад.

Мо тарафдори он шахсем, ки сулҳу салоҳ, оромию тинҷӣ, бародарӣ, муносибатҳои байниҳамдигариро ба мо овардаанд, инчунин фазои солими кору зиндагӣ дар дохили давлат ва берун аз онро ба мо муҳаё намудаанд, ҷони худро дареғ надошта, дар шароитҳои вазнини давлату миллат роҳи сулҳу шукуфоиро пеша намуданд. 

Дар давоми 28 соли истиқлолият, ки давлат рӯ ба инкишофи тез овардааст, нафароне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлатро вайрон намуда, аз худ қаҳрамонсозӣ кунанд. Қаҳрамонсозии хоинон ба фоидаи давлат набуда, ба фоидаи ашхоси ҷинояткор ва наҳзатиёни ифротӣ аст. Ин турфа ватандустон мехоҳанд давлатро нобуд намуда,  давлати нави ба ном исломии худро таъсис бидиҳанд.

Баъди мутолиаи мақолаи мазкур саволе ба миён меояд, магар мо мусулмон нестем? Суханҳои бардурӯғи тарафдорони Кабирӣ ҷон надоранд, ки мо онро имрӯз тарафдорӣ бикунем. Аз беақлӣ ва камиродагии баъзе аз ҷавонону наврасони мо истифода намуда, наҳзатиён кушиш ба харҷ медиҳанд то сафи худро зиёд гардонанд. Аммо мо аҳли зиёи ҷомеа кушиш ба ҳарҷ медиҳем, то решаҳои ифротгарориро дар ҷомеа несту нобуд гардонем.

Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh