ХАРИ БЕЧОРА

То андозае буғлу кина доштани Муҳиддин Кабириро зидди давлату ҳукумат танҳо аз курсихоҳиву гурсначашмии ӯ шаҳодат медиҳад. Тайи чанд соли охир, ки ӯ дар вазифаи вакили халқ буд бо хориҷиён аҳдҳо баста, хуни миллатро мемакид. Вакте, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон ба поймолкуниҳои қонун гузашт, ба роҳбари он амр карда шуд, ки ба хориҷи кишвар сафар кардани ӯ то анҷоми корҳои ҷустуҷуи ғайриимкон аст. Акнун дар худи ҳамин ҷо савол ба миён меояд ки чаро Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷа фирор кард? Магар аз бегуноҳӣ?:

-Не-не ӯ агар дар ҳамаи ин корҳои манфур даст намедошт ҳаргиз ин мамлакати биҳиштосоро партофта намегурехт. Даст доштани Кабирӣ дар амалҳои ҷиноятӣ, ки дар Тоҷикистон  шудааст исбот шуданд. Аз ҳамин сабаб аст, ки давлату ҳукуматро мехоҳад пароканда кунад. Буҳтони ӯ дар ин моҳи муборак чунин аст, ки гуё халқи тоҷикро аз намозу рӯза боздоштаанд. Лекин ҳар яки мо медонем, ки ин чунин нест. Чи тавре дар мисраҳои боло қайд кардам, ин кай мефаҳмида бошад, ки ба гуноҳи у мардуми тоҷик шарик нестанд ва шарикӣ ҳам нахоҳанд кард. Харигариҳои Кабирӣ то кай давом меёфта бошанд?

 Агар фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро таҳлил кунем, роҳбари хиёнаткори ӯ Кабирӣ барои миллату давлат кори кӯчаке ба анҷом нарасонидааст. Ба мо маълум аст, ки 27 соли охир Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ қуллан пешрафта гардида, дар пеш моро марҳилаҳои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт интизор аст. Хамаи кӯшишу ғайрати роҳбарияти кишварва халқи тоҷик барои беҳбудии вазъи рӯзгори мардум, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ин сарзамин равона шудааст. Аммо душманони миллату давлат намехоҳанд, ки ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Онҳо душманони инсоният буда, касби онҳо даст задан ба исёну ҷудосозии фарзанд аз падару модар мебошад.

 Аммо миллати тоҷик сияҳкориҳои онҳоро ҳамеша мефаҳмид ва кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша дарк менамуд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани он мебошад. Ислом худ дини пок асту покиро мехоҳад. Афроди ба монанди Кабирӣ инро ба худ ниқоб карда амалҳои ғаразонаи худро анҷом доданианд.

Имрӯз мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва воқеъбинона дарк менамояд.

Тошматова М.Д. – н.и.и., дотсенти

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh