ЛӮХТАКИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Бо мақсади соф намудани кирдорҳои номатлубона ва бешафқату разилонаи лангандбардорон ва тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хусусан худи Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи расонаҳои интернетӣ чунин фикрҳои разилона ва пучу беасосро иброз менамояд.

Ба ғайр аз он, ӯ сабабҳои асосии нишаст ба ин гуна ҷоҳоро хусусан аз сабаби бо ҳам мувофиқат надоштани қишри дунявӣ бо динӣ баҳогузорӣ менамояд ва ба ҳамаи инҳо хусусан сиёсати сулҳҷӯёна ва ба худ ваҳдатро таҷассумнамояндаро ҳамчун сарчашмаи асосӣ мешуморад.

Инчунин бо мақсади сафедсозии оқибатҳои харобиовар ва фалокатбори ҳаракатҳои аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, шахси манфури дарболо қайдшуда, аз навор тариқи телевизион ва дигар васоитҳои ахбори умум ба намоиш гузоштани чунин задухӯрдҳо ва ба валангор табдил додани ҳама гуна ҷойҳои ҷамъиятиро ҳамчун бардӯрӯғ ва сохта тартибдода шуда мебинад ва мегӯяд, ки гӯё сабаби асосии ба вуҷуд омадани ҳама гунна заду хӯрдҳо хусусан ин аз кор боздоштани ҳама гуна масҷидҳо ва дигар ҷойҳои барои намозу ниёз муқарраршуда аст. Ва дар ин бобат ҷавоне, ки худ аъзои ҳизби наҳзати асту бо мақсади роҳ надодан ба ин монеъаҳо даст ба кирдори ҷасурона мезанад ҳамчун шахси ба ватан ва ҷомеъа зидбаромада баҳогузорӣ мешавад. Ба ғайр аз он, он кушторҳо ва бетартибиҳое, ки дар маҳбасҳо ба вуқӯъ меоянд, гарчанд аз тарафи маҳкумшудагон амалӣ гарданд ҳам, аммо сабабгори асосӣ худи ҳукумати мамлакат меҳисобад.

Муҳидин Кабирӣ чунон беасос ва гӯё, ки аз дигар сайёра омадааст фикрронӣ мекунад. Ё Кабирӣ аз ҳодисаҳои мамлакатҳои дигар ва аз таърих дониши комил надорад? Гӯё, ки ҳамма нодон асту танҳо ӯ доно аст.

Нисбати сабаби ошӯб дар маҳбас қайд карданиям, ки сабаби он гуногун шуда метавонад. Масалан, ошӯби маҳбаси “Аттика” дар ИМА, ки зиндониён беҳтар кардани шароит ва аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқии нажодиро талаб карданд, ки ҳукуматдоррон дар 15 дақиқа ошӯбро бартараф карданд, ки дар натиҷаи он 43 нафар зиндониён ва 10 нафар муҳофизони маҳбас кушта шуданд.

Ошӯби соли 2013 дар зиндони “Урибана”-и Венесуэла, ки баъд аз эълон кардани кофту коби предмети яроқ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа зиёда аз 60 нафар кушта шуда, 120 нафар зиндониён захмдор шуданд. Масалан, дар маҳбаси “Карандируи” Бразилия соли 1992 ошӯб бо сабаби оддитарин, яъне муноқишаи ду нафар зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 111 нафар зиндониён кушта шуданд.

Бояд такид намуд, ки чунин мисолҳо ниҳоят бисёранд ва сабабҳои сар задани ошӯби зиндониён гуногун мебошад, ки дар мамлакатҳои Ғарб чунин ҳолат зиёдтар ба назар мерасад. Аз ин бар меояд, ки чунин фоҷиаҳо аз ҷомеа на он қадар вобаста мебошад. Аз сабаби ба ҷомеа хафнок будани инсон онҳо зиндонӣ мегарданд, ки ҳатто дар мамлакатҳои абарқудрат ва “гӯё” ниҳоят сатҳи баланди низоми демократӣ доранд, ҳукми қатл амал мекунад.

Нисбати “дар мактабҳо низ вуҷуд дошани хушунат” мисолҳои бисёри мамлакатҳои Ғарб, аз он ҷумла ИМА-ро низ овардан мумкин аст, ки дар ин мамлакат мактаббачагон ҳамсабақони худро катл мекунанд. Масалан, дар 9,5 соли охир аз 250 ҳолати тирпарониро дар мактаб ба қайд гирифтаанд.             

Дар ИМА аз истифодаи интернет рӯз аз рӯз худкушии наврасон зиёд шуда истодааст, ки инро аз хабарҳои расмии ВАО ҳамагон медонанд.

Ҳангоми хондани луқмаи бефаҳмонаю беасоси Кабирӣ – “ҷомеаро дар фазои ихтилоф ва кинаву адоват нигоҳ дорад” хандаи одам ба миён меояд, ки ба фикрам Кабирӣ яку якбора “40 сола таваллуд шуда бошад”. Мо дар мактаб бо ҳамсинфон ва ҳамсабақон барои ҳар чӣ мунокиша, зано-занӣ ва ҷангҷол мекардем ва ба фикри ман чунин ҳолат дар ҳама ҷо ва ҳама давру замон буд. Агар боз фаҳмотар фикрронӣ намоем, бояд мунокишаи кӯдакро дар оила пай барем, ки дар ҳама оила буд, ҳаст ва хоҳад монд.  

Аз ин лиҳоз, ин гуна фикрронии М. Кабирӣ ниҳоят бе маъно ва бефаҳмона мебошад. Аз ин гуна фикрронии ӯ  хулоса кардан мумкин аст, ки хоҳиши ҷомеаро ноором сохтан мекӯшад.

Аз ин рӯ мо ҷавонон бояд ҳамчун қувваҳои пешбарандаи ҷамъият кӯшиш ва заҳмату меҳнати шахсӣ, аз рӯи имкон дастёрӣ дароз карда, нагузорем, ки фазои ҳаёти осуда ва сириштаи моро аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои қадшуда, лухтакони хоҷаҳои хориҷӣ, бо ҳама гуна ақидаҳои ифротангез, гумроҳкунанда ва беасос халалдор намоянд. Нест бод душманони миллату давлат!

Каримов Р.А. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh