Лаънаткардаи халқ

Худованд бандаи ба худ наздикашро соҳиби фазилатҳои бисёр мегардонад. Вале, бандае, ки ношукру носипос аст, ба неъматҳои ин зиндагӣ қаноатманд намегардаду бо рафтору ахлоқи ношоиста худро шармсор ва гунаҳкор менамояд. Чунин, ҳақиқати ҳолро метавон дар мисоли нафарони ватангадою шармсори ҷаҳон чун Мирзои Салимпур, Кабирӣ, Саидюнус, Шарофиддин, Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони онон мушоҳида намуд.

Ғарази онон танҳо дар сармояғундорӣ ва тӯҳмат ба каси дигар асту чун ғуломи зархарид доимо дар хизмати хоҷагони хориҷии худ ҳастанд. Онҳоро, ҳатто, ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат, поквиҷдонӣ, ростгӯӣ тарк кардааст, ки наметавонанд аз воқеаҳои баамаломада ҳақиқати воқеиро бинанд. Шиносоӣ бо “маҳсул” - и фаъолияти ин нафарон нишон медиҳад, ки қобилияти таҳлиливу хулосабарории онон низ коста шудааст ва ҳамчун “робот” ё худ лӯхтак фикри солими худро ҳам гум кардаанд. Онҳо тӯтивор бӯҳтону сафсаттаҳои хоҷагони худро ба мардуми олам пешниҳод мекунанду гумроҳи маҳз шудаанд.

Давоми даврони Истиқлолият давлати навбунёди Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гаштаву мардуми сарбаланди он бо ифтихор аз тамаддуну фарҳанги аҷдодӣ дар фазои орому осуда баҳри ободонии кишвар софдилона меҳнат менамоянд. Ҷаҳониён нисбати ҷомеаи Тоҷикистон ва роҳбарони он ҳарфҳои таҳсин ва офарин мехонанду ҳаваси онро доранд, ки мамлакати мо чӣ қадар зебою табиаташ нотакрор асту мардумаш меҳнаткаш. Вале, бархе аз нобакорони хоин ва ҳаммаслакони онон сӯи Ватани азизамон сангпартоӣ мекунанд.

Итминони комил дорам, ки баъди чанде ин он аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Бадии кор дар он аст, ки шармандагии ин нафарони беору беномус ба фарзандони онон мерос мемонаду хешу ақрабояшон байни мардум солҳои тӯлонӣ лаънатзада мемонанд. Нафаре, ки фақат дар фикри манфиати худ аст, ҳаргиз байни халқи хеш маҳбубият пайдо намекунад.

М.СОБИРОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh