“Паймон” асолатбохтагони тортанакамсол

Ҳадафи таъсиси «Паймони миллӣ» аз ҷониби мухолифини кишвар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нави нопоку хоинона фирефта намуда, худро ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум, назди хоҷагони хориҷиашон миллатдӯсту адолатпеша, содиқ ба ин марзу бум нишон диҳанд.

Ин паймон бо хоҷагони хориҷист, ки бо маблағгузории онҳо дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд. Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои Тоҷикистон майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он ноором намудани сулҳу суботи кишварамон мебошад. Ин ниқоббандиҳо танҳо саҳнабозиест, ки барои ба мазҳаби ғайр гаравидагон дар шакли «тақия» иҷозат медиҳад ҳадафҳои аслии худро пинҳон доранд ва то расидан ба онҳо ҳар қадаре, ки мехоҳанд, дурӯғ гӯянд. Новобаста ба ҳамаи ин хиёнатҳо, боз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад авфи гуноҳашон намояд ва шахсонеро, ки гумроҳ шудаанд ва рафтори хатои худро дарк намуда, сидқан пушаймон мешаванд, бубахшад. Ин хислати башардӯстонаи бесобиқаро ҳамагон медонанд, вале ин эътирофро танҳо нафароне метавонанд кунанд, ки барои Ватану миллат аз худ гузаштагӣ нишон диҳанд ва ба ин восита тавонанд, каме ҳам бошад, аз сиёҳӣ ва доғ номи худро рӯйпӯш кунанд.

Таъсиси бо ном “Паймони миллӣ” барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд дар бобати амалӣ сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ моил созанд. Вале имрӯз ҳама медонанд, ки хоину ватанфурӯш на паймон дораду на миллату давлат. Эътилофи “Паймони миллӣ” шабеҳи тори хонаи анкабут аст, ки бояд онро ҳар як шаҳрванд аз нуқтаи назари ақли солим дарк кунад.

Имрӯз халқи тоҷик ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардидааст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории дастовардҳои Истиқлолият, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

М.ҚОСИМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh