ЧЕҲРАИ МАНФУРИ ХОИНОН!

Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Паймони миллӣ худро бори дигар ҳамчун ҷонфидои адолат муаррифӣ намуда, таҳдид кардааст, ки баҳри сафед кардани хиёнатҳои худ ба созмонҳои ҷаҳонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамояд.

Акнун, ки ниятҳои ифлосу ҷинояткоронаи роҳбарияти наҳзатиҳо ошкор шудаву бо хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ шуда буд, амалӣ нашуд, модом, ки муносибатҳои зичи роҳбарияти Паймон бо хоҷагонаш аён шуду амалҳои хиёнаткоронаи онҳо нисбати мардуми сулҳпарвар, осоиштаи  ватани азизамон ошкор шуд, онҳо мехоҳанд худро сафед кунанд.

Аксари тарафдорони Муҳиддин Кабирӣ даъват ба он мекард, ки гўё манфиатҳои миллӣ, волотар аз манфиатҳои шахсӣ бошад. Ин гуфтаҳо дуруғи маҳз буданд, чунки Кабирӣ дар сафарҳои зиёди хориҷиаш, фақат манфиатҳои худ, нақшаҳои тиҷоратии худро ҳал мекарду бас.

Нимчамуллоҳои наҳзатӣ аввали солҳои мустақилият пайдо шуданд, ки ҷавононро ба усулҳои асримиёнагӣ, пинҳонӣ сабақ медоданд. Онҳо барои иҷрои ҷиҳоди ба номи худ далолат карда, ба майдон меоварданд.

То соли 2015 дар фаъолияти ҳизб як қатор ҷиноятҳояшон ошкор гардид, ки маънавиёт, иқтисодиёт ва саломатии ҷомеа зарари ҷиддӣ расонид. Аммо онҳо дар тамоми ВАО шуру ғавғо меандохтанд, ки гўё фақат руҳоиён зери фишор қарор дошта бошанд. Ин сафсатаҳои подарҳавои роҳгумзадагони таърих то ҳол давом дорад, аз ҳар гўшаву канори олам, тўҳмат мебофтанду тариқи шабакаҳои иҷтимоии бебунёд овоз меандозанд. Баъди фирор аз Тоҷикистон ва камин гирифтан дар хориҷа фаъолияти ифроткоронаи худро идома дода истодаанд. Тариқи шабкаҳои иҷтимоӣ аз худ симои қаҳрамон ва беганҳсозиро шуруъ кардаанд. Лек ҳақиқат маълум аст. 

Имрўз мардуми шарфманди Тоҷикистони азиз аз ҳамаи он хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зери ниқоби дину ислом мардумро фиреб диҳад ва дар роҳи макри худ истифода намояд.

Маъмуров А.М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh