Муборизаи беамон зидди нерӯҳои бадхоҳ

Мардуми тоҷик аз лофу газофҳои осмонӣ иддаи нафароне аз наҳзатиҳо, кихудро дилсӯзии миллат вонамуд менамоянд ва мехоҳанд «адли осмонӣ» - робарқарор кунанд ва бо баҳонаиин адл солҳои 90-уми қарни гузашта зиёда аз 150 ҳазор нафарро аз зиндагӣ маҳрум сохтаанд, аз ёд набурдааст. Он замон низ наҳзатиҳо лофу газофҳои осмонӣ заданд ва иддае аз сиёсатмадорон ба мардум ваъдаи «биҳишти адн» доданд ва ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ, Тоҷикистонро ба дӯзахи рӯи замин табдил доданд. Ҳоло ҳам новобаста аз кӯшишҳои пайвастаи давлату ҳукумат натиҷаи он ҷанги бемаънии миллаткуш, ки бо тавтеаи бегонагон ба хотиритавсеаи манфиатҳояшон ба дастихудбохтагони дохилӣ роҳандозӣ шуд, эҳсос мешавад. Зеро натиҷаи харобиовари маънавии онро дар як они воҳид ҳал кардан имконопазир аст. Вале мо аминем, киин баъзе камбудиҳо низ зина ба зинааз байн хоҳанд рафт, дар ҳолати дар ҷомеаоромиш ва сулҳу низомиустувор амал кунад.

Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомотидавлатӣ, зиёиён ва фаъолониҷомеа сари вақт азмакри наҳзатиҳо ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пешироҳифаъолияти минбаъдаи харобиоварионҳоро ҳамон вақтмегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид. Садҳо нафар ҷавон ба таблиғоти наҳзатиҳо ба Афғонистону Сурия ва дигар кишварҳои минтақа рафта, террорист ва экстремист намешуданд.

Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиду барои ободии ватан талош мекунад, вақти он расидааст, ки ба фитнаангезию, дассисабози наҳзатиҳо бовар накарда, ҷинояткорони наҳзатиро ошкор эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем.Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои ҷомеа Тоҷикситон як дарсе бошад ва моҳушёр бошем, ки нерӯҳои бадхоҳ, табоҳкоринаҳзатӣ дигар дар Ватани мо зуҳур накунанд ва нақшаҳоинопоки худро татбиқ карда натавонанд.

Шамсидинов М.И.,
декани факултети физикаю техника,
дотсенти ДДХ

Add comment


Security code
Refresh