ТТЭ ҲНИ: ҷиноятпеша ва хоин

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст, ки ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азизамон мебошад.

Мутаассифона, зуҳуроти номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм  ба амнияти ҷомеа хатарафзо гардидааст.

Терорризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, бесуботӣ нооромии ҷомеа мегардад.

Хоинони миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоинона фурӯхтаанд, бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар истода нисбати давлати тинҷу осудаи  мо суханҳои фитнаангезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд.

Дар маводе, ки дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”  ҷабрдида аз ноҳияи Спитамен навиштааст, ҳаёти даҳшатбори як ҷавони ноболиғ, ки давоми умри кутоҳи худ паси сар намудааст сухан меравад.

Воқеан ҳам дар ҷомеаи имрузаи мо ҷавонон ва падарону модароне, ҳастанд, ки  ҳаёти фарзандони худро заҳролуд карда истодаанд, ки ин кори онҳо ба оқибатҳои даҳшатбори зиндагӣ оварда мерасонад. Имруз бархе шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда ва фирефтаи суханонӣ  бардуруғи  гуруҳҳои ҷиноятпеша  гардида худ ба он гурӯҳҳо шомил шуданашонро нафаҳмида мемонанд.  Қарзи шаҳрванди ҳар фарди кишвар аст, ки ҷавононро аз таъсири қувваҳои иғвоангезу гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҳимоят кунем, ба тақдири онон бетараф набошем ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем то, ки ин гуруҳҳои ҷинояткор сулҳу субот ва ба оромии кишварро халалдор накунанд.

Рӯзгори ин ҷавоне, ки дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар хоки Афғонистон иштирок дошту оқибат қурбони ниятҳои нопоки ифротгароён гашт ва имруз фарзандони ин нафар маъюбу ятим, дар як кунҷи ҳавлӣ танҳо  мондаанд, баҳри ҳар яки мо, сокинони кишвар бояд сабақ бошад. Падару модар фарзандонро бо умед ба камол мерасонад, ки дар даврони пирӣ такягоҳу соябони  онон гардад. Лекин чун ин ҷавонон, ки фирефтаи ваъдаҳои пучи гуруҳҳои гардиданд, умри ҷавони худро барбод доданд. Оё барои мо воқеаҳои солҳои 90-ум дарси ибрат нест? Он рӯзҳо дар чӣ вазъи ҳолат қарор доштем? Қурбониҳои зиёд, ятиму бепарастор монданди ҳазорон-ҳазор кудакон ҳама аз ниятҳои нопок ва амалҳои даҳшатангезӣ наҳзат  буд.

Имрӯз дар қалби ҳар шаҳрванди кишвар шукргузорӣ ба ин тинҷию амонӣ ва пойдори Сулҳу суботи кишвар бояд ҷой дошта бошад якҷоя баҳри рушду пешрафт, гулгулшукуфии диёрамон кӯшиш намоем, то ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша натавонанд амалҳои нопоки худро анҷом диҳанд ва аз чашми модарони тоҷик ашки ғам равон шавад.

Имруз бахусус аз ҳар як ҷавонони мамлакат тақозо мегардад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсиро аз даст надиҳанд ва ватанамонро якҷоя аз таъсири ин гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифз намоем  ва нагузорем, ки ба кишвари азизамон Тоҷикистон нохалафе бо чашми бад нигоҳ кунад.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Fафуров 

Add comment


Security code
Refresh