Ба арзишҳои волои миллӣ арҷ гузорем!

Бархе шахсиятҳо, ки шаҳрванди пешинаи Тоҷикистон буданду имрӯз дар давлатҳои хориҷа зиндагӣ мекунанд ва ба миллату давлати худ душман шудаанд, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати халқи худ буҳтон мезананду суханҳои пастро раво мебинанд. Аслан, аз миллату Ватани худ даст кашидан, нисбати халқи худ нафрат парваридан вазнинтарин гуноҳ аст.

Шахсоне, ки миллату Ватани хешро инкор мекунанду дур аз Ватан зиндагӣ доранд, вақте аз дунё мегузаранд, мурдаи онҳо бесоҳиб мемонад. Дар асл мо - зодагони ин сарзамин дар кадом манотиқи дунё бошем, бояд аз тоҷик будани худ ифтихор намоем. Имрӯз байни ҷавонон, хосатан донишҷӯён падидае мушоҳида мешавад, ки ин бо забони миллати дигар сухан гуфтан аст.

Барои ҳамин ҳам дар ниҳоди шаҳрвандон махсусан ҷавонон, бояд эҳсоси худшиносӣ, ҳуввияти миллиро парварем. Бо ин мақсад аз машғулиятҳои дарсӣ, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ истифода намоем. Мардуми мо аз қадим соҳибтамаддун буданд.

Он маданияте, ки халқи тоҷик дорад, бо унсурҳои волои худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Дар ҳар давраи таърихӣ саҳми халқи тоҷик ҳамчун эҷодкори нотакрор дар фарҳангу маданияти халқҳои ҳамсоя, аз тарафи дигар, бархурдоршавии он бо дастовардҳои маданияти ҷаҳонӣ равшан карда мешавад.

Бинобар ин, мо бояд ба хулқи ҳамидаи ниёгони худ пайравӣ карда, ҳисси нафрату кинаю адоватро дар дил ҷо надиҳем. Дар ваҳдату муттаҳидӣ баҳри пойдории сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, равобиту тиҷорат пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем. Тавассути инсондӯстӣ ва адолатпарварии хеш номбардори аҷдодони худ гардем. 

Роҳат АБДУҶАББОРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh