Дар тафаккури ҷавонон ақидаҳои солимро парварем

Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ҳаракати ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд. Ононе, ки аз ҳадафҳои аслии ифротиён огоҳанд, худ ва атрофиёнашонро аз фирефта шудан эмин медоданд. Фардоне, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд бовуҷуди он, ки мақсади шомил шудан ба чунин гурӯҳҳоро надорад, баъзан аз фирефтаву ба доми ифротиён афтоданашро нафаҳмида мемонад. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад.

Дар робита ба ин масъала роҳҳои муосири мубориза бар зидди ин равандҳои номатлуби ҷомеа тавассути системаҳои ахбори ҷаҳонӣ доимӣ ва босуръат бошад. Ҳадафи асосии ифротгароён ҷудоиандозӣ байни мардуми мусулмон мебошад. Таҳлилҳо нишон додааст, ки пайравони ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо манфиатдор ба халалдор кардани амнияти ҷомеа ва амнияти давлат мебошанд. Тоҷикистони мо низ аз хатари экстремизм ва терроризм эмин нест. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишвар махсусан ҷавонон бояд барои ҳифзи амнияти кишвар ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Барои пешгирӣ усулу воситаҳои гуногунро бояд оқилона истифода кард. Ҷавононро аз ҳадафҳои ифротгароён огоҳ созем, то ки ҷаҳонбинию шуури сиёсии онон аз чунин ҳадафҳои номатлуб дур бошад. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле пурзӯр буда, дар ҳолати суст будани эътибор ба тарбияи онон хавфи фирефта гаштани онон ба доми ифротиён ба миён меояд.

Ҷавонони мо, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа,
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh