ХИЁНАТКОРОНИ ПАЙМОНШИКАН

Имрӯз мо бо чашми кушодаву ақли расо тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои Тоҷикистони азизу маҳбуби  хешро дида истодаем.

Барои он ки вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талошҳои  муштараки  халқҳо  ба амал  баровардан мумкин аст.

Дар ин раванд зикр менамоем, ки имрӯз мушкилоти ниҳоят ҳаллаш вазнин-гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ касро аз ҳар ҷиҳат нигарон мегардонад. Алалхусус, ки экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср зуҳур кардааст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шароит ва ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосири мо ягон асоси мӯътамад надорад, барои ба тезӣ маҳв карданаш бояд ақли солим ба кор бурда, ғалаба кунад ва садди роҳи пешгирии он гардад.

Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории  миллат  тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғво пеша гарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкориву офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерўгоҳҳо, рощҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад.

Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ёфт мешаванд ашхосе, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд.

Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ  мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ ҲНИ аз дафтари ташкилот аз ҷониби кормандони қудратии мамалакат нақшаҳои ин ташкилоти террористӣ, ки барои барпо намудани нооромиҳо дар кишвар таҳрезӣ шуда буд дарёфт карда шуд.

Моро зарур аст, то ба чунин хоинони миллат имконият надиҳем озодона муқобили давлату ҳукумат сухангўӣ кунанд ва бар муқобили онҳо вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳем.

Мироватова Б.Ф. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи системаҳои иттилоотии
автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh