СИЁСАТИ ДУХӮРА

Дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии чаҳон ва тағиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо карор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористон торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афгонистан вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Имрўз терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кушишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ  шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористон пеш аз ҳама  кишварҳои исломӣ  ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд, ки шомили ин рафтору кирдорҳои ноинсонона мутаасифона қисми асосиашро ҷавонон ташкил додаанд.

Тоҷикистони азизи соҳибистиқлоламон, ки ҳанўз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз cap гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сўиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ  ҳизби наҳзат сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанўз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд мақсадҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Вале хоинони миллати тоҷик фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Умарова С.И. – ассистенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh