МОҲИ БЕАЙБУ ...

Ба амали террористӣ дастзадани як гурўҳи ҳаммиллатамон, ба монанди Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯ, ки дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд, боиси ҳайрати ҳамагон аст. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонсозӣ намуда, гӯё бегуноҳии худро исбот намуданӣ мешаванд. Боз худро «моҳи беайбу ситораи бедум» гирифта, давлату ҷамъияти ободу осудаи моро ба хушунату бетартиби гунахкор меҳисобад.

Мо тоҷикон чӣ гуноҳ кардаем, ки аз дасти чунин нафарон, чун хоин ва ватанфурўшӣ мекунанд, ором нест. Мо мардуми боору номус фаъолияти террористони онҳоро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае, ки набошанд маҳкум менамоем!

Аввалҳои соли 90-ум ТТЭ ҲНИ бо фармоиши хоҷагонашон маҳз ҷанги шаҳрвандиро оғоз карданд. Авалин кори наҳзат ин гаравгонгирии вакилони мардумӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми осоишта буд. ТТЭ ҲНИ дар таҳхонаи театр зиндони худро ташкил дода, маҳз дар ҳамонҷо ба “ҳукми одилонаи” худро мебароварданд.

Кабирӣ кори худро бо фиребу дуруягӣ пеш мебарад. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезаданд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу суббот дар кишвар ва ҳифзи манофеи геополитикии бегонагон равона гардида будааст. Эй ҷинояткорон, хоинон, бас аст сиёҳкунии Тоҷикистон!

Ҷалилова У.Т. – сармуаллимаи
кафедраи фанҳои риёзӣ –
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh