БЕГОНАПАРАСТИИ НАҲЗАТ

Бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо маҳз аз пайравони ҳизби террористии наҳзат оғоз ёфт. Зеро онҳо бо ақидаҳои нопоки худ, ки аз берун аз кишвар идора мешуд, мехостанд дар байни ҷомеаи мо зуҳуроти бегонаро ҷорӣ намоянд. Чанд сол пеш пайравони ҳизби мазкур, ки аз асли дин огоҳ набуданд, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид намуда, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, миёни мардуми мусулмони тоҷик ихтилоф эҷод менамуданд.

Ҳақиқатан ҳам наҳзатиёни муғризу фитнаангез барои фароҳам овардани фазои кинаву кудрат ва якдигарбадбинӣ, хушунат, кибр, ғурур фаъолият мекунанд. Дар ҷомеа бо нидову садои худ кушиш ба харҷ доданд тухми кинаву адоватро кишт намоняд. Лек нияти сиёҳи онҳо ҷомаи амал напушид.

Хулоса имрӯз барои ҷомеаи шаҳрвандии мо хусусан ҷавонон зарур аст, ки фазилати сулҳ ва меваи ваҳдатро дарк намуда, аз ҳар гуна ошубу фирефтагариҳое, ки аз ҷониби баъзе хоҷагони хориҷӣ барои вайрон кардани афкору андешаҳои ҷавонон тарроҳӣ карда мешавад, ҷилавгирӣ намоянд. Зеро пайравӣ кардан аз ҳар гуна равияҳову ҷараёнҳои тунгарои беаслу асос ин боиси нооромии кишвару ҷомеа гардида, сабаби нооромӣ дар ҳар як хонадони мардуми тоҷик мебошад.

Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи СИА, ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh