Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд

Дирӯз дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти варзишӣ моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонида шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардида буд ва дар ин замина, то имрӯз дар қаламрави мамлакат толору марказҳои муосири варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири машқу тамрин барои солимии ҷомеа бо шароиту имкониятҳои фарох фароҳам оварда шудаанд.

Баъди мавриди истифода қарор додани майдончаи нави футболбозӣ дар ноҳияи  Нуробод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани  чунин майдончаҳои варзишӣ дар қаламрави мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ ва насли ояндаи тоҷик.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ боварӣ намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон оянда метавонад муаррифагари кишвар дар арсаи олам гардад, зеро барои рушди он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh