ДАДОҶОН РАҶАБӢ

(Раҷабов) 12-уми январи соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Нависанда, Корманди шоистаи фарҳанги РСС Тоҷикистон (1988), Аъзои ИН СССР (1982).

Соли 1961 баъди хатми ИДПЛ дар идораи рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод”, «Комсомоли Тоҷикистон» кор кард. Аз соли 1969 то соли 1982 муҳаррир, муҳаррири калон ва сармуҳаррири Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио буд. Аз соли 1982 то 1990 котиби масъули ҳафтномаи «Адабиёт ва санъат», аз ноябри соли 1990 то майи 1992 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», аз майи соли 1992 то майи соли 1998 мудири шӯъбаи Ҳукумати вилояти Ленинобод, аз соли 1998 то моҳи апрели соли 2000-ум сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, аз соли 2000 то 2013 роҳбари Дафтари матбуоти идораи кишоварзии вилояти Суғд буд. Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Хазинаи сулҳи шӯравӣ», Ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Иштирокчии НКХХ СССР (1979). Китобҳои ҳикоя ва повестҳояш «Дилсӯзӣ»(1963), «Кулчаи зағора» (1974), «Шабе, ки барф меборид» (1987), «Модари нав» (1982), «Борон чағона мезад» (1985), «Сари роҳи Каҳкашон» (1988), «Анори дона-дона» (2003), «Лӯъбат ва Ҳофиз» (2004), «Алам» (2007), «Дар миёни чор дарё» (2007) писанди ҷавонон ва бачагон аст. Бисёр асарҳояш ба забонҳои русӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо чоп шудаанд. Китоби қиссаҳои адабию бадеии «Осмони хамида» (1998) сазовори Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Асарҳои саҳнавии «Дастҳоро кушоед» дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва «Ишқи араб» дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Асарҳои ҷудогонаи П. Мериме, Р.Такур, А.Чехов, А.Ахматова, М. Зошенко, И.Шамякин, А.Алексин, М.Левин, Е.Симонайтите ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Дадоҷон Раҷабӣ соли 2013 фавтидааст.