Оқибати амалкарди хоинони ТТЭ ҲНИ пушаймонист!

Имрӯзҳо аксари аъзоёни ҲНИ ба хиёнаткор ва ватанфурӯшон табдил ёфтаанд, ки ин аз амалҳои онҳо баръало аён аст. Ягон нафари онҳо барои ободию шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон кори неке анҷом надодааст.

Вале, ҳар як аъзои ин ҳизб дар амалишавии нақшаҳои хиёнаткоронаи ҲНИ саҳм гузоштаанд. Натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати мамлакат аст, ки сирру асрор, ҳадафҳои нопоки наҳзатиён ошкор гардиду мардумро ҳушдор дод, то ба макру фиреби наҳзатиён дода нашаванд.

Худи наҳзатиён низ аз фош шудани сирру асрорашон огоҳ гашта, аксари роҳбаронашон рӯ ба фирор оварданд ва имрӯз дар давлатҳои бегона паноҳгоҳ пайдо намудаанд. Мисоли равшани ин, Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзоназар Ҳалимов ва дигарон мебошанд. Онҳо оқибат зори обу хоки Ватан, дидори ёру ошно, дӯсту рафиқони ҷонии худ мешаванд, аммо он вақт пушаймониашон суд намекунад, чунки онҳо дур аз Ватан ҷон медиҳанд.

Хиёнату ватанфурӯшиашон кофӣ нест, ки боз бар замми ин дар хориҷа истода, бархе шаҳрвандони моро гумроҳ мекунанд. Онҳоро баҳри ноором кардани вазъи осоиштаи Тоҷикистон истифода мебаранд, ки ин як амали нафратовари нобахшиданист.

Онҳо чуқур фикр намекунанд, ки Тоҷикистон Ватани бобою бобокалон, модару модаркалон, авлоди бонангу номуси худашон аст. Онҳоро мебояд, ки ба сарзамини худ оянд, Ватани аҷдодии худро ободу зебо созанд, то гузаштагон аз амалҳои некашон шод бошанду рӯҳу арвоҳи гузаштагон ором бихобанд. Онҳо ин чизҳоро тамоман ба инобат намегиранд, ба қавле идрок намекунанд, чунки арвоҳзадаю оқи падару модар, додару хоҳар мебошанд. Шоир хуб гуфтааст:

Надорам орзуи умри ҷовид,

Ватан бигзор монад ҷовидона.

Ҳаме хоҳам ба ту баъди сари ман.

Ватан монад, Ватан монад нишона!

Мо – сокинони ин сарзамин алайҳи дасисабозиҳои душманони халқу миллат кӯшиш менамоем Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо шавад, насли ояндаи мо хуб зиндагӣ карда, дар ҳаққи ободкорони ин диёр суханҳои неку самимӣ гӯянд. Кӯшиш дорем, ки насли оянда аз амалкарди мо – имрӯзиён шоду мамнун ва ризоманд бошанд.

 Гурӯҳи эҷодии рӯзномаи
 донишгоҳии «Нури маърифат», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh