Ифтихор аз миллат – василаи худшиносист!

Маълум аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо ба ҷанги таҳмилии бародаркушӣ мувоҷеҳ шуд, ки зарари ҷониву молии он солҳо роҳи рушду тараққиётро баст.

Дар оғози ташаккул ва эҳёи давлатдории навин хеле мушкилиҳо буданд. Вале хиради азалии мардуми тоҷик буд, ки мушкилиҳо бартараф карда шуданд, Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфт, ки, албатта, барои ба ин сатҳ расидан солҳо лозим буд. Аммо чунонки мегӯянд, оқибат гургзода гург шавад, гарчӣ аз одамӣ бузург шавад. Намояндагони ҲНИ ба ҷои шукрона аз рӯзгори тинҷу осуда боз ҳам аз нақшаҳои ғаразмандона ва бади худ даст накашида, барои ноором кардани кишвар кӯшиш доранд. Бо супориши хоҷагони хориҷӣ амал, сулҳу суботи кишварро халалдор кардан, пешрафти соҳаҳои мухталифро нодида гирифтан аз ҳадафҳои муғризонаи намояндагони ҲНИ будааст. Аксари ин нохалафон аз ватандорӣ, ифтихори миллӣ, дӯст доштани марзу бум тавассути матбуот, радиою телевизион зиёд ҳарф мезананд. Чун онтарафтар мераванд, суханашон бо амалашон тамоман мухолиф аст. Мардум ба гапу амали онҳо мутаваҷҷеҳ гардида, дилашон аз ин тоифа, ки ағлаб гандумнамои ҷавфурӯшанд, мемонад. Худошиносӣ аз худшиносӣ маншаъ мегирад. Агар вуҷуди мо аз имону виҷдон, инсофу адолат, самимияту ифтихори миллӣ орӣ бошад, пас мо худшинос нестем. Ватандӯстӣ аз имон аст.

Иддае аз шаҳрвандонамон пас аз бозгашт аз давлати хориҷа ба тарғибу ташвиқи он давлат мепардозанд. Ҳол он ки ин обу хоку диёр барои ҳар яки мо манбаи зиндагии хуррамона ва ҳаёти осоишта мебошад. Ба қадри ин хоку диёр бояд расид!

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh