ФАҲМИШИ ТАНГУ ТОРИК!

Мувофиқи фаҳмиши гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, бояд ҳамаи давлатҳои мусулмоннишин ишғол шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба халифаи ягонаи ифротгароён итоат кунанд. ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, мехоҳанд онҳоро дар таркиби “хилофат” - и худ маҳв намоянд. Масалан, ҳаракати ифротгарои «Ҳизб – ут - таҳрир» солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ” - ро таблиғу ташвиқ менамояд ва созмони ифротгарои “Давлати исломӣ” бошад, харитаи сиёсии “хилофати исломӣ” - и худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон ҳамчун ноҳияҳои тобеӣ ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд.

Илова бар ин, созмони ифротгароии “Давлати исломӣ” аз байн бурдани давлатҳои дунявӣ ва демократиро мақсади худ эълон карда, ҳатто, давлатҳоеро, ки аксари мардуми онҳо мусалмонанд, меъёрҳои исломӣ эътироф ва амалӣ шудаанд, низ давлатҳои мусулмонӣ намедонад.  Шояд баъзеҳо калимаи “исломӣ” - ро дар номи ин гурӯҳҳо шунида ва ё зери таблиғоти ин гурӯҳҳо қарор гирифта, гумон кунанд, ки ифротгароёни динӣ низоми давлатии дунявӣ ва демократиро аз байн бурда, ба ҷойи он арзишҳои исломиро ҷорӣ мекунанд. Аммо, ҳаргиз чунин нест. Омӯзиш ва таҳлили ҷаҳонбинӣ ва таълимоти онҳо нишон медиҳад, ки ифротгароёни динӣ на меъёрҳои бузургу инсонпарваронаи дини Ислом, балки фаҳмиши тангу торики худро дар бораи Ислом ҷорӣ мекунанд. Ин як фаҳмиши даҳшатноки террористӣ ва ғайриинсонӣ дар бораи Ислом буда, хилофи тамоми фармудаҳои ин дини муқаддас мебошад.

Маҷмӯаи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” - ро ба назар гирифта, дар сатҳи ҷаҳон онро як гурӯҳи ғайриисломӣ эълон намудаанд. Бинобар ин, агар касоне ноогоҳона гумон кунанд, ки ин гурӯҳҳо меъёрҳои исломиро ҷорӣ мекунанд, сахт фиреб мехӯранд, зеро ин фаҳмиши террористию даҳшатафкани онҳо дар бораи Ислом ба таълимоти исломӣ ҳеҷ наздикӣ ва робитае надорад. Ин нукта барои ҳар касе, ки дар замири худ ҳувияти миллии тоҷикӣ дорад, як нуктаи бисёр муҳим ва ҳаётӣ мебошад. Пас, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи ҳассоси масъала барои шаклгирии муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои динии ифротӣ бисёр муҳим мебошад.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез рӯй гардонем ва ояндаи ватани худро дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ интихоб кунем. Мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ бовар карда буданд, ки имрӯз натиҷаи онро мо бо чашми сар мебинем.

Ба ҳар гуна равияву ҳизббозӣ ва тафриқаву ихтилоф ба натиҷае намерасем. Агар мо хоҳем, ки тақдири талхи мазлумони ҷабрдидаи Ироқу Яман ба сари мо наояд, бояд як роҳро интихоб кунем. Сиёсисозии дини мубини Ислом, ба ҳизбу ҳаракатҳо қисмат кардани онро як сӯ монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандем, фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, ҷавононро насиҳат кунем, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоем.

Дар ҳақиқат ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсӣ ба мисли ТТЭ ҲНИ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геопалитикӣ табдил ёфтаанд. Қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуқтаҳои низоъ дар байни мусулмонон, сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи иқтисодии худ истифода мебаранд, ки Кабирӣ бо ҳизбаш ТТЭ ҲНИ низ аз ин силсила истисно нест. Бинобар ин ТТЭ ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост ва имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони исломӣ табдил ёфтааст. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи ахир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом ва силсила инқилобҳои «баҳори арабӣ» мушоҳида мекунем. Аз ин нигоҳ дар таркиби сохторҳои давлатӣ фаъолият кардани намоягдагони ТТЭ ҲНИ ҳар замон метавонист хатари ҷиддие барои давлатдории миллӣ эҷод намояд, зеро ин ҳизб танҳо ба андешаву арзишҳои динӣ бартарият медод, на ба арзишҳои миллӣ - давлатӣ.

Далели ба давлатдории дунявӣ ихтилоф доштани ТТЭ  ҲНИ дар он ифода меёбад, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ҳеҷ гуна дин ба ҳайси дини расмӣ пазируфта намешавад ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад. Аммо ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динидошта қонунан фаъолияткунанда пазируфтан ба он имкон дод, намояндагонаш дар мақомотҳои мухталифи давлатӣ аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифа таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. ҳол он ки ҳадафи ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат дар он ифода меёфт, ки созмонҳои динӣ барои пиёда сохтани манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсии худ аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон истифода бурда натавонанд.

Бояд қайд кард, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияти миллӣ мақоми қонунӣ дода буданд. ҳоло сулҳу субот дар кишвар пурра барқарор аст ва мардуми кишвар рӯ ба созандагию бунёдкорӣ ниҳодаанд. Дар чунин шароит мардуми кишвар ба як исломи муътадилу созанда ва ба арзишҳои исломӣ ҳамчун фарҳанги волои маънавӣ - ахлоқӣ ниёз доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки метавонад дар қатори дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар хизмати нерӯҳои манфиатхоҳ дар минтақа қарор гирад.

Руйдодҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки дини ислом дар зоти худ ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. ҳизбсозию сиёсисозии ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.

Кори имрӯзи Кабирӣ дар хориҷи кишвар ин рафтори «пешвоёни» ҳизби диниро хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум номидан мумкин аст. Роҳи пешгирифтаи чунин моҷароҷӯён фақат зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Таҳлил фаъолияти ТТЭ ҲНИ тӯли чанд соли охир ва муҳтавои маводи сомонаҳои ба ин ҳизб таалуқдошта нишон медиҳад, ки дини ислом барои онҳо танҳо воситаи пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ асту бас.

Ҳ.Содиқова,
 сармуаллимаи кафедраи системаҳои
иттилоотии автоматикунонидашудаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh