Ҳуввияти миллӣ, маърифатӣ ва ахлоқии ҷавонон дар масири сиёсати созанда

Гузориш аз баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум

Санаи 4-уми июли соли 2019 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти Раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  Илҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 66 нафар ширкат варзиданд.

Ба Иҷлосия ҳамзамон раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсату шуъбаҳо, ташкилоти вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор даъват шуданд.

Пас аз интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи Иҷлосияро аз рӯи 6 масъала тасдиқ карданд.

Аз рӯи масъалаи аввал оид ба рафти иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, №79 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҳисобот дод.

Таъкид шуд, ки дар Барнома бо назардошти соҳаҳои афзалиятноки ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон 5 самти асосӣ муқаррар гардидаанд, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар раванди тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, тарбияи фарҳангӣ - маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ватандӯстии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва ҳарбию ватандӯстии ҷавонон, омодагии онҳо ба дифои кишвар, асосҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ, бадеӣ ва оммавӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон ва тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва эстетикии ҷавонон аз ҷумлаи онҳоянд.

Воқеан имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Бино ба иттилои Назира Ғаффорӣ  барои татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 беш аз 620 чорабинии мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявӣ, варзишию солимгардонӣ, илмию маърифатӣ, таълимиву зеҳнӣ ва амсоли инҳо гузаронида шуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ қайд кард, ки яке аз асоситарин омилҳое, ки мавқеи ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза нисбат ба Ватан муқаррар мекунад, ҳамасола маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.

Имрӯз беш аз 8000 нафар ҷавони вилоят дар сафи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, онҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд.

Тайи солҳои охир гусели ботантанаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Ммусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, бо иштироки васеи ҷавонони то синни даъватӣ ва донишҷӯён баргузор мегардад, ки ҳисси ватандӯстиро дар вуҷуди иштирокчиён ва бинандагон бедор намуда, сафи ҳоҳишмандону ихтиёриёнро сол аз сол меафзояд.

Вале, дар баробари ин муваффақиятҳо мутаассифона иҷрои нақшаи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом ва Истиқлол ба мушкилӣ иҷро мегардад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таъмини босифати Барнома сухан карда, Раёсати маорифи вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд,  ки баҳри татбиқи босифати Барнома корбариро ҷоннок намуда дар ин самт аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда босамар истифода намоянд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят дастур дод, ки масъулин минбаъд ба тарбияи толибилмон дар самти азхудкуни фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Бо мақсади баланд намудани масъулияти ватандории ҷавонон баргузор намудани мулоқоти судманд, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба нақша гиранд. Дар ин радиф ба раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва дигар масъулин супориш дода шуд, ки дар ин самт корҳои фаҳмондаиҳиро мунтазам ба роҳ монанд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки ба таври дуруст иҷро намудани ҳадафҳои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар ҳалли масъалаҳои болозикр мусоидат хоҳад намуд.  

Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз ҷониби вакилон шунида шуд ва оид ба ин масъала низ музокирот сурат гирифт.

Вобаста ба ин масъала вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Чилгазӣ, 14 Анвар Мақсудӣ ба музокира баромада, фикру андешаҳои судманд иброз дошта қайд намуд, ки ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву ихтироъкорӣ айни мақсад мебошад.

Ҳамзамон дар Иҷлосия  вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», № 37 Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ ҳисобот дод.

Роҷеъ ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ суханронӣ намуда, дархости Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд  ва Айниро оид  ба номгузорӣ пешниҳод кард. Вакилон нисбати ин масъала қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

 Баъдан вакилон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019 музокира намуда, роҷеъ ба ин масъала низ қарор қабул карда шуд. Тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят аз масъалаҳи дигаре буд, ки дар Иҷлосия баррасӣ шуд.

Иҷлосияро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст намуда, даъват намуд, ки вакилон ва масъулини соҳаҳо дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бештар зоҳир намуда, баҳри сазовор истиқбол  гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии нақшаву чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми босазо гузоранд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh