ҶАВОНОНРО АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ЭМИН ДОРЕМ!

Таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои ҳассос ва муҳим ба шумор рафта, мебояд нисбат ба тарбияи ҷавонону ноболиғон ҷиддӣ муносибат намуд.

Имрӯз дар фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон назар ба солҳои пеш пешравиҳои зиёде дида мешавад. Аз ҷониби мутахассисону масъулини соҳа баҳри тарбияи насли ҷавон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудану пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо чандин санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои методӣ таҳия шуда, пайваста ин масъала мавриди омӯзишу таҳлил ва коркард қарор дорад. Масалан, ҳолатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавононро омӯхта, барои пешгирӣ ва барҳам додани сабаб ва шароитҳое, ки боиси сар задани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон гардидааст, ҷораҷӯӣ карда мешавад.

Танҳо дар давоми соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо ин гурӯҳ дар 70 муассисаи таълимӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд ва маҳз ин вохӯриҳо яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон гардид.

Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони ғояву ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи сари бархе ҷавонони сабукфикрро заҳролуд кардаанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷиашон амал карда, мехоҳанд дар тинати ҷавонони ноогоҳ рӯҳияи ватанбадбиниро ҷо кунанд.

Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия, друҷиначиён (донишҷуёни фаъол) ва аҳли ҷомеа як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзиширо дар сатҳи зарурӣ доир намуда, нақши созгори онҳоро ҳамеша муҳим арзёбӣ мекунад. Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ифтихори Ватан гашта, доимо дар сафи пеши амалҳои созанда қарор доранд.

Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд.

Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ғофил аз худшиносии миллӣ мебошанд, шинохти хотираи таърихии миллати куҳанбунёди моро надоранд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонгарӣ эҳсос намекунанд.

Онон бояд бидонанд, ки мафҳуми миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ арзишҳои олии миллати мо мебошанд. ҷавононро лозим аст, ки ба ин арзишҳо эҳтиром гузоранд.

Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.

Ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон Тоҷикистонанд ва бояд афкору андешаи солим дошта бошанду дар азхуд кардани илму дониш бикӯшанд ва нерӯи худро баҳри рушду нумӯи меҳани худ масраф намоянд.

М.Ғайбуллоева,
 З.Қобилов,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh