МУБОРИЗАИ БЕАМОН БО ПАДИДАИ ИФРОТӢ

Дар замони имрӯз шаклҳои зиёди экстремизм муайян карда шудаанд. ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои харобиоварӣ, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст, аз ҷумла паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, ноогоҳӣ аз таърихи кишвару миллати худ ва дигарҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилоти махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд, ки ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ шаванд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри гулгулшукуфоии кишварамон саҳм мегузорем.

М.Бобоҷонова,
 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh