АҲДОФИ НОПОК АМАЛӢ НАМЕШАВАНД!

Ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи созмонҳои ифротие ба шумор меравад, ки баҳри аз сари нав пайдо кардани мавқеи гумшудаи худ кӯшиш намуда истодаанд. Гарчанде номи худро дигар -“Паймони миллӣ” карда бошанд ҳам, лек мақсаду маром ҳамон боқӣ мондааст.

Ҳадафи онҳо ноором сохтани фазои ороми кишвари мост. Дар ин раванд ба онҳо фазои иттилоотӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст. Таҳқиқоти солҳои охир дар ин самт нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо барои расидан ба аҳдофи нопоки хеш ду усул – тазоҳурот ва таблиғотро ба кор мебаранд.

Зеро маводҳои сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернет назарҳои гуногунро ба бор меоварад. Агар ба фаъолияти солҳои пешинаи наҳзат намоем, тазоҳурот дар пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки наҳзатиёни хоин нақши меҳварӣ дорад.

Наҳзатиён чандин вақт инҷониб таблиғоти интернетиро бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо пурзӯр намуда, ба бадном кардани кишвари худ пардохтаанд.

Чӣ тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, дар амалӣ гаштани амалиёти мудҳиши террористӣ, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон аз ҷониби гуруҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ гардида буданд, шабакаи ҷаҳонии интернет нақши калидӣ бозидаанд. Дар натиҷаи масдуд гаштани фаъолияти ДИИШ дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст.

Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ масдуд гардида бошанд ҳам, наҳзатиён фаъолияташонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Интернет ҳамчун абзори таблиғоти ақоиду ғояҳои террористонаву ифротгароёнаи паймоншиканон нақши меҳварӣ бозидааст.

Ҳарчанд ин таблиғот ба сулҳу суботи кишвар рахна ворид насозад ҳам, аммо метавонанд бо он роҳ баъзе ҷавонони ноогоҳи кишварро фирефта гардонанд. Раванди мазкур метавонад ба ҷавонони тоҷики муқими хориҷ аз кишвар муассиртар бошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки қабл аз хондани хабарҳои иттилоотӣ ба манбаи он аҳамият диҳем ва ба ҳар гуна ахбори дурӯғини душманони миллат бовар накунем.

С.Латифов,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
 бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh