ХОИНОНРО ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ИНТИЗОР АСТ!

Тоҷикону тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату ҳукумат қудрате дорад, ки ҳар гуна ҳаракатҳоеро, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамояд аз байн бубаранд.

Имрӯз мардуми созандаи кишвар онро мехоҳанд, ки душманони миллату давлати тоҷик дар кадом минтақаи ҷаҳон хоҳ дар Аврупо ва хоҳ дар Шарқи Наздику Дур ва дигар манотиқ ки набошанд бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар назди сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷа гирдиҳамоӣ ва пикетҳо доир гардид, ки истирдоди «хоинони Ватанро» ба Тоҷикистонро дархост мекунанд.

Тазоҳургарон мегӯянд, онҳо огаҳӣ пайдо кардаанд, ки  дар як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирдиҳамойиҳои намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар баргузор гардиданд. «Мо ба ин ҷо барои он омадем, то ки норозигии худро ҷиҳати ба хоинон дар хориҷа додани имкон барои баргузории чунин чорабиниҳо ва мизҳои гирдро баён кунем». Гурӯҳи ҷавонон ба назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ омада, ҳамин талаботро ба миён гузоштанд. Гурӯҳе аз ин ҷавонон хостори ба Душанбе баргардонидани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ва тарафдорони ӯро шуданд.Ҷавонон бо нидоҳои «Хоинонро ба ватан баргардонед» ва «Иттиҳоди Аврупо, ба талаботи мо посух бидеҳ» шиорпартоӣ мекарданд. Онҳо моҳи октябри соли гузашта низ ин гурӯҳи ҷавонон назди сафоратхонаи Олмон гирдиҳамоӣ омада, истирдоди раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро талаб карда буданд.

Тоҷикистон дар марҳалаи кунунни рушд имкониятҳои фарох дорад, то ки амнияти миллии худро комилан таъмин созад ва ҳамчунин дар минтақа чун давлати озоду демократӣ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон муборизаи беамон барад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату  миллат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз  саҳми бориз дошта бошем. Ба суханҳои пучи гуруҳҳои ифротӣ бовар накунем.

Саломов С. – сармуаллими кафедраи
иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh