Боз як ақидаи иғвоангез

Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҲНИ чӣ дар даҳаи охири асри гузашта ва чӣ пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд.

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид. Наҳзатиҳо пайваста тариқи расонаҳои хабарии хеш мекӯшиданд, то ҷомеаро мазҳабӣ кунанд ва тадриҷан онҳо сабаби рушди хурофот, таассубзадагӣ ва инсонбадбинӣ дар ҷомеа гардиданд.

Имрӯз онҳо дар мамлакатҳои Аврупо аз ҳисоби баъзе доираҳои манфиатдор зиндагӣ карда, ҳаракатҳои беҳадафро иҷро менамояд. Кӯшиш мекунанд, ки ҳар ҳафта як найранг ё туҳматеро ё ин ки як ғаразеро нисбат ба мардуми Тоҷикистон равон кунад. Хабаре, ки дар Ҷумҳурии Литва “Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова” аз тарафи Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо (муаллиф Сайидюнуси Истаравшанӣ) сабти расмӣ ёфтааст, боз як найранги душманони миллат мебошад. Дар хабар оварда мешавад, “ҳадаф аз таъсиси Ҷоизаи Воҳидова “ташвиқ ва қадрдонӣ аз афроду созмонҳое аст, ки фаъолияти худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша ба хусус дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ кардаанд”. Афсус ки, шахсони хиёнаткор, яъне наҳзатиҳо рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, аз ақидаи иғвоангез даст намекашад. Ин вазъият моро ҳушёр намуда, талошҳои муштараки ҳамаи шаҳрвандоро тақозо менамояд, ки дигар мардуми мо гумроҳ нашавад.

Усанов Р., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh