МАКРИ ПАЙМОНШИКАНОН

Омили асосӣ барои рушди ҳар як миллат танҳо сулҳ аст ва танҳо сулҳи пойдор, ки инро таърихи тамаддун исбот намудааст. Ин далелро вазъи имрӯзаи давлатҳои зери ҷангмондаи Шарқи Наздик ва баъзе давлатҳои араб собит менамоянд. Дар ин лаҳза хушбахт будани халқи тоҷикро дар Ватани соҳибтамаддунамон эҳсос мекунам. Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ба Ватани мо худ аз худ наомадааст, ки инро, албатта, ҳар як фарди меҳанпараст медонад. Аммо қадри ин самараи истиқлолиятро намедонистагон, омӯзгорон бояд сабақи қадршиносӣ диҳанд.

Амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бисёр ҷиҳат дар дасти мо - омӯзгорон аст. Зеро мо бо инсон, аз синни хеле хурд-аз ҳафтсолагӣ, ҳатто, аз давраи муассисаи томактабӣ сарукор дорем ва дар зеҳну афкори ин инсонҳои кӯчак мо агар донаи меҳанпарастиву ватандорӣ корем, он албатта, сарсабз мешавад. Ҳар як инсон дар ҷомеа, албатта, медонад, ки сулҳ арзиши бебаҳо барои барои мардуми сайёра дорад. Аммо шуурнокии паст ба баъзе ашхос имкон намедиҳад, ки дастовардҳои Ватани хешро бо чашми ватандорӣ бубинанд.

Ин тоифа кайҳо хоини Ватан гаштаанду оромиву сулҳу суботи зодбумашон, баракс, ононро нороҳат мекунад. Барои ҳамин мебояд, ки омӯзонандагони илму дониш, ки ҳамеша дар байни ҷомеаанд, мафҳуми сулҳу оромӣ, моҳияти онро ба насли ҷавон кушода диҳанд. Ба ақидаҳои хоми Муҳиддин Кабирӣ барин ашхосони нобакори симои ҳақиқӣ надошта, ки туҳматҳои дурӯғу бофтаро нисбати кишвари оромамон паҳн менамоянд, бовар накунанд.

Мақсад ва мароми падидаҳои номатлуби муосири ба ҷамъият бегона, аз ҷумла роҳбарон ва аъзои ҳизби наҳзат, ки аксаран ҷавонони ноогоҳро ба доми худ кашиданӣ мешаванд, вазъи ороми кишвари моро ноором кардан, мафкураи мардумро заҳролуд намудан аст. Ин аз мо, устодони макотиби олӣ тақозо мекунад, ки баробари ба ҷавонон илму дониш омӯхтан инчунин ононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.

Ф. ЮСУФОВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh