Падидаи ба ҷамъият бегона

Дар замони муосир мардуми тамоми олам бо ташвиш умр ба сар мебаранд. Зеро садову симо ва ВАО дар бораи корҳои ношоиста ва амалҳои террористӣ ва экстремистӣ маълумот медиҳанд.

Мо - мардуми ин сарзамин шарафмандем, ки дар Тоҷикистони азизи худ хушбахту озод ва бофароғат зиндагӣ дорем. Ҳар як рӯзи мардуми тоҷик дар Тоҷикистони соҳибистиқлол софу беғубор аст, офтоби саодат бар сари мардумаш тобон ва ватан пурқуввату тавоно мебошад.

Аммо афсӯс, ки баъзе шаҳрвандони кишвари мо барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷа рафта, аз сабаби ҳувияти миллии паст доштанашон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд, ки дар ниҳоят аз ин роҳи бешарафонаи интихобкардаашон пушаймон ҳам мегарданд. Аммо афсӯс, ки то ба он ташкилотҳо аъзо гардидан аксарияти онҳо ба мафҳумҳои он падидаҳо сарфаҳм мерафтанду худдорӣ карда натавонистанд. Он ашхос вақте ки корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ зидди он падидаҳои номатлуб бурда мешуд, ба он беаҳамиятона рафтор менамуданд ва, ҳатто, шунидан намехостанд. Аъзоёни он гурӯҳҳои тундрав бошад, барои зиёд гардидани сафи худ ҳар коре, ки аз дасташон ояд, мекунанд, зеро онҳо дар назди хоҷагони хориҷии худ, ки маблағгузорашон мебошанд, супориш доранд.

Аз ҳама ҳам шомилшавии занону духтарони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро барои миллати тоҷик нанг асту вале аксарияти аъзогардидагон вақте ки пушаймонии худро баъди дастгир шудан изҳор мекунанд, боварӣ доранд, ки Тоҷикистон онҳоро мебахшад ва дар бораи исноди ояндаи он ба авлоду аҷдодонашон андешае намекунанд. Барои ҳамин хизмати омӯзгорон дар таълим ва тарбияи донишандӯздухтарони худ ва ҳамкории мустаҳкам бо волидайн хеле зарур ва муҳим аст. Онҳоро мебояд бо мафҳумҳои шаъну шарафи авлоду наслҳои оянда аз наздик шинос кард.

Дар шароити кунунӣ ва бо мақсади ҷилавгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти носолим дар ҷомеа хуб мешуд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз тарафи шахсони дар бораи ин падидаҳо маълумотҳои муфассал ва исботкунанда дошта, гузаронида шавад.

Аммо албатта боз ёдрас карда метавонам, ки дар ҷамъияти соҳибтамаддуни мо - Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ аксарияти мардум мафҳуми терроризмро, ки падидаи хавфнок барои суботи ҷомеа дар ҳамаи кишварҳо реша давонида метавонад, медонанд.

Сирру асрор, моҳияту мақсади фаъолияти ТТЭ ҳар рӯз ошкор гардида, боварии мардум нисбати он коста гардидааст. Яъне он падидаҳо худашонро ба ҷамъият бо кирдорҳои ношоями хеш фош карда истодаанд.

Ҳ.Атаева,
устоди Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
 академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh