БО РАЗОЛАТ МУДОРО БЕШАРАФИСТ!

Ба хотири дастёбӣ ба қудрат хоинони миллат шабҳо нақшаи амали навбатии террористиро мекашанд. Аз ҷайби хоҷаҳои хориҷӣ пули муфтро ба даст меоранд, ки ин хеле ташвишовар аст.

Охир онҳо ҳам зодагони ҳамин сарзаминанд. Аз обу хоку ҳавои он баҳра бурдаанд! Чаро онон барои пешрафти кишвари худ, мардуми диёри худ кореро анҷом намедиҳанд. Онон чӣ мехоҳанд? Беобрӯ кардани худро ё ноором кардани авзои сиёсии мамлакатро?

Посух меҷӯям ба саволҳоям аз гуфтори фозилон ва андарзи ҳакимон.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар асараш “Фонуси хаёл” андешаҳои ҷолибро ба риштаи тадбир кашида, коста шудани ахлоқи ҷавононро давоми даҳсолаҳои охир чун иллати ҷомеа эътироф намудааст. Аммо ин андешаҳо мавриди қироат ва таҳлили хонандагон, бахусус ҷавонон қарор нагирифтааст. Вагарна чунин ҳодисаҳо сар намезаданд. Вагарна ҷавонон гумроҳ намешуданд.

“Касе, ки бо разолат мудоро мекунад, ба зери по гардидани шарафи инсонии худ низ ногузир тан медиҳад....”

“Кирдори тӯдаҳои таҷовузкор ба мисли рафтори ашхоси нохалаф метавонад тибқи як қонуни муайяни худ алоҳида ҷараён дошта бошад. Аммо вай ҳеҷ гоҳ наметавонад симои маънавии ин ё он миллатро , чӣ тавре ҳаст, равшан ифода кунад”.... - мегӯяд нависанда дар асари “Зимистони умр”

Имрӯз дар ҷомеаи мо бо сабаби аз тарбия дур мондани ноболиғону ҷавонон, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба мулки дигар рафтан низ бархе шаҳрвандон гирифтори фиреби ифротгароён мешаванд.

Мо, аҳли ҷомеа бояд ба тақдири насли наврас, бахусус ҷавонон бетафовут набошем, дар ниҳоди онҳо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳсоси меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро бипарварем.

Искандар Иброҳимов,
устоди Донишкадаи
кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh