Мақсади хоинон амалӣ намешавад!

Имрӯз кишвари мо бо осудагиву оромӣ, хушманзарагиву зебоӣ, ободиву гулпӯшиаш байни мамолики ҷаҳон маъруфият дорад. Ин боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар аст. Солҳои охир падидаи номатлуб, аз ҷумлаи гурӯҳҳои ифротӣ дар бархе кишварҳо амалҳои террористӣ анҷом дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки аз ин кишвари мо низ эмин нест.

Сад афсӯс, имрӯз баъзе гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла зумраи хоинони Ватан тариқи сомонаҳои интернетӣ мақсадҳои ғаразноки худро таблиғ карда истодаанд. Онҳо ин пешравиву ободии мамлакати биҳиштосои моро намебинанд ва бо дасисабозиҳои худ ба мафкураи мардум, бахусус ҷавонони ояндасози миллат мехоҳанд таъсири худро расонида бошанд. Лек ба ҳама маълум аст, ки нияти бад, мақсади нопок ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Ҳар кас бадӣ кунад, бадӣ мебинад ва ба мақсад намерасад.

Муҳиддин Кабирӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ мехоҳад бо ҳар гуна буҳтону туҳматҳои беасоси худ ба мафкураи мардум таъсир расонад ва ниятҳои аҳриманонаи худ ва хоҷагонашро амалӣ гардонад.

Аммо то ба кай Кабирӣ ва наҳзатиён намефаҳмида бошанд, ки имрӯз халқи ватанпарвари тоҷик ба буҳтону дурӯғҳои онҳо боварӣ надорад. Онҳо то ҳол дарк намекунанд, ки дар Тоҷикистони азизамон ватандӯстон ва ҳақиқатпарастон зиёданд ва ҳангоме, ки дурӯғҳои ифротгароёнро мебинанд, бетарафӣ зоҳир накарда, андешаҳои солими худро иброз медоранд.

Ман фикр мекунам, ки Кабирӣ вақте чунин ҳолатро мушоҳида кард ва фаҳмид, ки бар зидди ватанпарварон мубориза кардани ӯ бефоида аст, дурӯғи навбатиашро дар сомонаҳои интернетӣ гузошт.

Дар ҳама давру замон некӣ бар бадӣ ғалаба дошт ва ин замон низ чунин хоҳад шуд.

М.Тошматова,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh