Аҳдофи ҲНИ - бебунёд!

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгаро фаъолият бурда, ҳадафашон нооромсозии вазъи давлатҳо, ноосоиштагии мардум аст. Решаи фаъолияти гуруҳи бадкирдори ҲНИ низ ба ҳамин мақсад рафта мерасад. Зеро ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш то ин дам ягон кори некеро барои мардум накардааст ва дар оянда низ нахоҳад кард. Роҳбарони ин ҳизб аз рӯзҳои аввали фаъолият интизори амру фармоиши хоҷагони хориҷии хеш буданду ҳастанд. Агар ин тавр намебуд, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳи Тоҷикистон соли 1997, баъд аз бахшидани он гуноҳҳои бахшиданашавандаи солҳои 90-уми аъзоёни ин ҳизб аз тарафи давлат, боз даст ба фитнаву фиребу корҳои разил намезаданд.

Дар давраи мавҷудияти ин ҳизб мардуми диёрамон ягон нафъ надиданд, ба ғайр аз хиёнат. Ҳол он, ки ин ҳизб аҳдофи худро чунин тавсиф мекард: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба неруву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, мардумсолор, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ”.

Сад афсус, ки ин ҳадаф ақаллан маротибае дар нӯги забони роҳбарону аъзоёни ин ҳизб гирдгардон нашуда буду худ бехабр буданд, ки ин ҳадафро муайян кардаанд. Тамоми фаъолияташон на эътимод ба хиради мардум, балки роҳандозӣ намудани мардум ба гумроҳӣ, на ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта, балки дида натавонистани пешравӣ буд ва ҳаст. Дар умум ин ҳизб аслан дини мубини Исломро расидан ба сиёсат, воситаи тафриқаангезии мардум ва яроқи асосӣ бар зидди мусулмонҳо карду халос.

Аз оғоз ҳизби наҳзат баҳри хиёнат ба мардуми кишвар фаъолият карду бас. Агар хиёнат ба халқу Ватан намешуд, аз хоҷагони хориҷиашон тақозо намекарданд, ки ба сиёсати дохилии ин кишвар дахолат кунанд. Ҳол он, ки ин хиёнатҳоро худи мардум дарк карда, ихтиёрӣ аз аъзогии ин ҳизби хиёнаткор даст кашидаанд.

Гарчанд, имрӯзҳо дар ким-кадом гӯшаи дунё нишаста, бо дастнигаронӣ ба хоҷагонашон тавассути ВАО ҳаргуна овозаҳо бароварда, мехоҳанд сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилии мардуми тоҷикро халалдор намоянд,имрӯз мардуми кишвари мо ба дасисаҳои беасоси онон эътимод надорад. Зеро мардуми бохиради тоҷик дигар бор фирефтаи ин гуна ҳизби хиёнаткору роҳбарони хоҷадор нахоҳад шуд.

Кучибоев Ш.И., мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии ДДХ ба номи академикБафуров

Add comment


Security code
Refresh