ҲУШЁРИИ СИЁСИРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ашхос ё гурӯҳҳои мухолифине ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатии хеш шукрона накарда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мехоҳанд, аминияти Ватани хешро халалдор кунанд.

Аз як ҷиҳат равандҳои бузурги геополитикӣ мамлакати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. ҲНИ аз замони таъсисаш барои  бунёди ҷомеаи исломӣ ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ кӯшиш кард. Аммо тири онҳо хок хӯрд. Ба мақсади нопоки худ нарасиданд, ин бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ислом ва фарҳанги исломӣ дар тӯли чандин садсола пойдевори ҳаёти маънавии халқи тоҷик буда, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз сиёсат то муносибатҳои маишӣ-оилавӣ ворид гардидааст, аз ин рӯ, дин ва ташкилоти динӣ дар системаи ҳаёти сиёсии ҷамъият мавқеи махсусро доранд. Аммо фаҳмонидани ин масъала, кори аз ҳама муҳим аст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби боз якчанд нафар ашхос, ки тоҷик ҳастанду давлати хориҷа умр ба сар мебаранд «Форуми озодфикрони Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Таъсисдиҳандагони ин форум ҷурналист Темур Варқӣ, раиси ҳизби сотсиал-демократӣ дар ВМКБ Олим Шерзамонов, ҷурналисти дигар Равшан Темуриён ва Сайидюнуси Истаравшанӣ ташаббускори ин форум ҳастанд. Дар баромадҳои худ онҳо ишора ба он доранд, дар Тоҷикистон озодии сухан, матбуот умуман озодфикрӣ вуҷуд надорад. Ҳайратовар аст, ки онҳо натанҳо зидди давлату ҳукумати Тоҷикистон баромад намуда истодаанд, инчунин тарафдори М.Кабирӣ низ нестанд. Аз ин ба хулоса бояд омад, ки ашхос ё гурӯҳе, ки ба Ватани худ бевафо ҳастанд, ба ягон кас содиқ ва дӯст шуда наметавонанд.

Хулоса, замоне фаро расидааст, ки мо ҷавононро аз раҳгумзанӣ ва ҳамроҳшавӣ ба сухани чунин шахс ё гурӯҳҳои нохалаф боздорем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия намоем.  

М.ШАРИПОВ,
устоди кафедраи таърихи  Ватан ва археологияи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh