Фитнаҳои навбатии наҳзатиён

Иғво ва фитна андохтан байни мардум ҳаргиз инсонро ба мақсуд намерасонад ва дини ислом ҳам, пеш аз ҳама,ваҳдату меҳрубониву якдигарфаҳмиро эътироф менамояд. Дар ҳар ҳодиса ва воқеа ҳатман ду ҷиҳати фаҳмиш ҳаст, ин ки тарафи хуб ва бад, ё манфиатбахш ва зиёновар. Барои ҳамин набояд масъалаеро якҷиҳата фаҳмид.

Ҳодисаҳои нохубу дилгиркунандае, ки солҳои охир дар арсаи ҷаҳонӣ ва баъзан қаламрави Тоҷикистони азизамон ба вуқӯъ омад, ба туфайли гумроҳиҳои маҳз ҷавонон рух дод ва рух дода истодааст. Чандин нафар ҷавонон аз дуруст дарк накардани дини ислом, ки мусалмониро танҳо дар намоз хондан, риш мондану сатр пӯшидан медонанд, ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастанд.

Ин ноогоҳиҳо ва нофаҳмиҳои маҳз ҷавонон ва наврасон боиси нороҳативу ноосудагии ҷомеа гашта истодааст. Онҳо моҳияти аслии дини исломро нафаҳмида ба зоҳирпарастиву худпарастӣ пардохтаанд, бехабар аз он, ки дар дини ислом муҳим ботин аст. Дили софу беолоиш, иттифоқ, дилеро таскин бахшидан, ободкорӣ, дасти мадад ҳамеша дароз кардан ва муҳимтар аз ҳама сулҳу ваҳдатро дар байни мардум ҷорӣ кардан ва онро ҳифз намудан аст.

Муқаддас Неъматова,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Гафуров 

Add comment


Security code
Refresh