Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

Боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои италявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.

Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои анъанавӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он аллакай дар соли якуми сабзиш қисман ба ҳосил омада, дар соли дуюм ба таври назаррас ҳосилдеҳ мешавад.

Масалан барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим мебошад. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ, 3-4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.

Масофаи миёни ниҳолҳо як метр ва масофаи миёни қаторҳои боғ 4 метр буда, дар як гектар замин 2500 бех ниҳол шинонида шудааст. Айни ҳол дар боғи мазкур 4700 бех дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла навъҳои “Галла”, “Гранни Смит” ва “Голден делишес” парвариш ёфта истодааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи мазкур моҳи апрели соли 2018 бунёд шуда, соли дуюм аст боровар шудааст.

Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта бо технологияи навтарин ба роҳ монда шуда, ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешавад. Ниҳолҳо низ бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки бунёди боғҳои интенсивиро дар дигар қитъаҳои ноҳияи хушбоду ҳаво васеъ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздиди боғи интенсивии дарахтони себ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ деҳқонони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузошта буданд.

Сарвари давлат зимни сӯҳбату вохӯрӣ бо кишоварзони ноҳия барои боз ҳам афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка маслиҳати муфид доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh