Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот намуданд

Баъди ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ, ҷонибдории мардуми ноҳия аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва дар маҷмӯъ тамоми сокинони ин ноҳияи шуҳратдорро ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад ва ба туфайли истиқлолияти давлатӣ ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳими кишоварзии мамлакат табдил ёфтааст. Дар як муддати хеле кӯтоҳ, тайи се-чор соли охир дар деҳоти ноҳия ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат иншооти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, намояндагии бонкҳо, неругоҳҳои барқи обии хурд ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шудаанд, ки ҳоло фаъолияти муназзам доранд ва боиси хеле беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ гардидаанд.

Дар ноҳия танҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 248 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз 93 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин муддат, инчунин аз баракати заҳмати сокинони ватандӯсти ноҳия дар шароити кӯҳистони камзамин боғҳои нав бунёд шуда, майдони заминҳои корам васеъ ва роҳҳои байни деҳот ҳамвор гардида, маркази ноҳия бо қомат афрохтани иншооти муосири маъмуриву хизматрасонӣ ва бунёди хиёбону гулгаштҳо ҳусни тоза гирифтааст.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ қариб 170 миллион сомонӣ, аз ҷумла 81 миллион сомонӣ мусоидати молиявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо 35 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020, ки аз 171 лоиҳа иборат мебошад, дар сеюним соли охир 52 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 102 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки қариб 60 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Кӯҳстони Мастчоҳ дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои истиқболи шоистаи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ин ноҳияи дурдасти мамлакат, аз ҷумла омӯзгор Муҳаббат Одинаева, нафақагир Мирзохон Раҳимов ва омӯзгори ҷавон Ниёзӣ Кишваршоҳи Шоҳмирзо баромад карда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини пешрафту тараққиёти ноҳияи Кӯҳстони Мастчоҳ бузург арзёбӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Add comment


Security code
Refresh